Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҳар ки ба зар сиккаи чун рўз дод, Санг сутуд, дурри шабафрўз дод.
Шоир мўътақид аст, ки шеъри асил меваи дил аст ва равшану пурнур мисли дурри шабафрўз ва сиккаи чун рўз. Аммо суханорое, ки ин дурро ба ивази ноне дод, обрўи суханро рехт ва аз ин беобрўии шеър шоир эҳсоси хиҷолат дорад ва хеле нороҳат аз он аст, ки суханоро, яъне, худи шоирон обрўи суханро рехтаанд. Ва ниҳоят, ба андешаи ў, ҳар шоире, ки дурри суханро ба нон иваз намудааст, сахт иштибоҳ кардааст, зеро ба ҷои дурри шабафрўз санг ситонидааст.
Барои шоирони шеваи ирфон масъалаи маънавият ва ахлоқ, дилбаста набудан ба умури моддиву дуниявӣ дар навбати аввал меистад. Бинобар ин, Хоқонӣ гуфтааст, ки:
Улвиву рўҳониву ғайбиву қудсизодаам, Кай бувад дар мулки истиқсот истиқсои ман.
Аз ин нуқтаи назар низ шоирони маддоҳ, ки дурўғро ба авҷи аъло расонида, фалакро якҷоя бо ситораҳову моҳу офтоб дар хидмати ў мегузоранд, мўҷиби нафрат ва ҳақорати онҳост.
Масалан, шоири давраи Салчуқиён Заҳири Форёбӣ гуфта буд:
Нўҳ курсии фалак ниҳад андеша зери по, То бўса бар рикоби Қизил Арслон занад.
Яъне, ҳатто фалак ҷуръати онро надорад, ки рикоби Қизил Арслонро бўса кунад. Пас, агар ба рикобаш даст ёфтан ин қадар мушкил бошад, маълум мешавад, ки худи ў мақоми олиро дорад. Маҳз ҳамин навъ нуктаи газофгуна боиси қабул нашудани ин гурўҳи шоирон аз ҷониби урафо гардид.
Агар барои шоирони дунявӣ шеър василаи баёни мадҳу васф, шодиву ғами дунё, ситоиши маю маъшуқ ва базму нишот бошад, барои шуарои ориф шеър василаи баёни маънӣ, таҳқиқ ва зўҳду шаръ аст. Бинобар ин, барои онҳо худи шеър муҳим нест, муҳим матолиби нуҳуфта дар он аст. Ин аст, ки Саноӣ мефармояд:
Шаръ дидӣ, зи шеър дил бигсил, Ки гадоӣ нигорад андар дил.
Сухани шоирон ҳама ғамзаст,
Нуктаи анбиё ҳама рамз аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё