Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саноӣ аз аввалин шоироне буд, ки муҳимтарин масоили ирфониро ба миён ниҳод ва Хоқониву Низомиву Аттор дар ҳалли онҳо кўшишҳое ба харҷ доданд. Аммо ирфони комил, ба эътирофи аксари донишмандон, бо вуҷуди Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ ба адабиёт зуҳур кард. Мазомини асосие, ки мабнои шеваи ирфон бар он устувор буд, руҷўъ ба умури талқини пуч будани дунё, беарзиш будани сарвати моддӣ барои инсон, эътиқод ба қазову қадар, тарҷеҳ доштани ишқ бар ақлу хирад ва ғайра мебошад.
Ба қавли Сируси Шамисо, «бояд таваҷҷўҳ дошт, ки ирфони аввалия, ҳатто дар қарни шашум ва осори касоне чун Саноиву Хоқонӣ ва Низомӣ чизе аст миёни ирфон ва шариат ва ҳамон тавр ки худи эшон гуфтаанд, филвоқеъ шеъри шаръ аст, на ирфони баркамолрасидае, ки баъдҳо дар осори бузургоне чун Мавлоно ва Ҳофиз дида мешавад» (22, с. 194).
Хоқонӣ аз он ифтихор дошт, ки бар хилофи Унсурӣ ба таҳқиқ, ваъз ва зўҳд арҷ мегузошт. Яъне, пояи ирфони ин давра мубтанӣ бар таҳқиқу ваъз ва зўҳд буд. Ҷои дигар ў ба пайрави тариқат буданаш ишора карда мегўяд:
Чун ду пистони табиатро ба сабр олуд ақл, Дар дабистони тариқат шуд дили волои ман.
Чун яке аз матлабҳои муҳими ирфон қаноат кардан ба буду набуд ва сабру шукргузорӣ аст, шуарои ориф ба кулли шуарои салаф, ки пешаашон маддоҳӣ буд, ба чашми ҳақорат менигаристанд. Маълум аст, ки мурод аз маддоҳӣ ҳамеша тамаъ аст, яъне, бар ивази ситоишҳои пуриғроқ чизе аз мамдўҳ талаб кардан. Аз назари ориф маддоҳ як нафари пасту тамаъҷўй аст, ки аслан гадохилқат аст ва дурри суханро ба дурри оддӣ мехоҳад бадал кунад. Хоса, шоироне, ки барои ду нон ба дунон хидмат мекарданд ва коҳ барои аспу арзан барои мурғ ва ҳезум барои оташ гиронидан гадоӣ мекарданд, мавриди интиқоди шадид қарор мегирифтанд. Ба ҳамин маънӣ Хоқонӣ гуфта буд, ки:
Рои маро ин сухан аз ҷой бурд, К-оби суханро суханорой бурд.
Меваи дилро, ки ба ҷоне диҳанд Кай бувад обе? Чу ба ноне диҳанд…

пешина
аз 500
навбатӣ