Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи сар то қадам дид дар шаҳриёр, Зари пухтаро бар маҳак зад иёр.
Чу некў нигаҳ кард, бишнохташ, Ба тахти худ оромгаҳ сохташ.
Аз ин муқоиса маълум мешавад, ки сухани Фирдавсӣ мўҷаз буда, ҳарфи зиёдатӣ надорад. Шоир бештар моил аст, ки воқеаро пеш барад ва ба дарунгароӣ машғул набошад.
Бинобар ин, он чи Низомӣ дар 6 байт мегўяд, ў дар 3 байт меғунҷонад.
Аз ҷониби дигар, дар шеъри Низомӣ тасвир хеле зебову муфассал ва маҳсус (ҳисшаванда, тасаввурпазир) буда, кўшиши шоир бар он аст, ки манзара, тасвир, чеҳра, равиши фикри қаҳрамонро пеши назари хонанда боз намояд ва ҳар ҷузъро як-як шарҳ диҳад.
Қайдофаи Фирдавсӣ ба сурати Искандар нигоҳ карду ўро шинохт, аммо Нўшобаи Низомӣ сараввал аз кордории Искандар ҳайрону ҳаросон шуд, дар сараш суолҳо чарх заданд, пай бурд, ки ин ҷо чӣ асроре нуҳуфтааст. Танҳо баъди ин эҳсосоти шадид ў ба Искандар «некў нигоҳ кард ва бишнохт», яъне, Низомӣ мувоҷеҳи ботини қаҳрамон аст ва хатти воқеаро ба оҳистагӣ пеш мебарад.
Шеваи ирфонӣ дар асри ХІІ. Тасаввуф дар адабиёти форсӣ аз таълифоти Абўсаиди Абулхайру Абдуллоҳи Ансорӣ шурўъ шуда, дар давраи Салчуқиён хеле рушд кард. Чунонки таъкид шуд, Саноӣ онро ба сифати як ҷараёни махсус дар адабиёт ҷорӣ кард ва аз паси худ як идда орифони бузургро ба ин сабк ҷалб намуд. Бузургтарин шоирони орифмаслак, ки аз паси ў омаданд, ҳама ба пайравӣ ва шогирдии ў ишора кардаанд. Чунончи, Хоқонӣ гуфта:
Бадал ман омадам андар ҷаҳон Саноиро Бад-ин далел падар номи ман Бадил ниҳод.
Ё ки:
Чун фалак даври Саноӣ дарнавишт, Осмон чун ман сухангустар назод.
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ низ фармуда:
Аттор рўҳ буду Саноӣ ду чашми ў, Мо аз пайи Саноиву Аттор омадем.

пешина
аз 500
навбатӣ