Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар симои муаллифи ёддоштҳо хонанда ташаккули характер ва таҳаввули ҷаҳони маънавии як тоҷикписари зодаи солҳои 30-юми асри ХХ-ро дар канори муосирони ў мушоҳида мекунад.
Ҷолиб он нукта низ ҳаст, ки ин ҷавон ба тамоми воқеаву ҳаводиси айём кунҷковона нигариста, ба ҳар чиз баҳои худро медиҳад.
Ў бо тамоми дилу ҷон ватани худро дўст медорад ва қалбаш аз ифтихор барои кишвари шўравӣ лабрез аст. Барои мисол, нависанда як санади зоҳиран оддӣ – футболбозии тими «Динамо»-и Москва ва «Челси»-и Англияро, ки бо ғалабаи «Динамо» ба охир мерасад, таъкид мекунад, зеро, ба андешаи ў ин санад барои тамоми мардуми шўравӣ мояи ифтихору сарфарозӣ буд. Баҳси хориҷиёнро бо мардуми шўравӣ дар бораи хариду фурўши футболбозон дар кишварҳои хориҷӣ ва ин ки варзишгари шўравӣ фурўхта намешавад, муаллиф ба сифати як далели равшани ғурури шаҳрванди шўравӣ истифода намудааст.
Таҳсил дар донишкада, замони донишҷуӣ, муҳаббат ба илму дониш ва донишандўзӣ, инъикоси шахсияти рафиқони ҳамсабақ, устодони донишкада, шахсият ва ҳунари омўзгорӣ ва усулҳои дарсгўии ҳар кадоми онҳо моро бо муҳити маънавии давраи ҷавонии муаллиф ошно менамоянд. Муаллиф дар бораи устодони донишгоҳ Муҳаммад Осимӣ, Фрейдкина Ида Саломоновна, Азовсев Григорий Иванович, Гренадер Роза Бенсионовна, Абдулло Алиматов, Темурҷон Мақсудов, Ўғулой Аҳмадова, Онаой Норматова, Бароат Ҳоҷибоева, Бекмурод Бегалиев, Абдусаттор Қобилов, Раҳмат Ҳомидов, Ғафур Ҳайдаров, Турсунбой Юсупов, Музаффар Искандаров маълумот дода, чеҳраҳои ҳар кадоми онҳоро хеле ҷолибу хотирмон рўи сафҳа овардааст.
Ин ҷо мо Ш. Султоновро чун як нависандаи баркамоле мебинем, ки маҳорати фавқулодаи чеҳранигорӣ дорад. Ў ба андому чеҳра, либосу пойафзол, чашму абрў, лаёқату истеъдод, хулқу хўи одамони атрофаш мутаваҷҷеҳ шуда, саъй мекунад, ки ба ҳамаи онҳо беғаразона баҳо диҳад.
Дар бобҳои дигар муаллиф хеле самимона моро бо давраи оғози фаъолияти омўзгории худ ва идомаи таҳсил ошно мекунад. Қувват гирифтани шавқи хондан ин ҷавони пурғайратро ба пойтахти кишвар барои таҳсил ба аспирантура мебарад ва дар Душанбе барои нависанда ошноӣ бо инсонҳои дигар, донишмандон ва дўстони нав муяссар мешавад.

пешина
аз 500
навбатӣ