Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Муҳити хонаводагӣ, падару модар, вазъи зиндагӣ дар оила, муносибати волидайн ба ҳамдигар, бо хешу табор ва фарзандон, бозиҳои замони бачагӣ, батадриҷ ташаккул ёфтани хислатҳо ва ҷаҳони ботинии шахсияти муаллиф матолиби фаслҳои аввалро ташкил медиҳанд. Тасвири маҳаллаи Қўшҳавз, ки ў зиндагӣ мекунад, кўчаву дарё, боғоту дарахтҳо, мардум ва вазъи зисти онҳо дар замони пеш аз ҷанг дар фаслҳои дигар ба қалам омадаанд. Муаллиф усули ёддоштнигории устодон С. Айнӣ ва Раҳим Ҷалилро идома дода, дар асараш моро бо маҳаллаҳои зодгоҳи худ – шаҳри бостонии Хуҷанд – Сари Баландӣ, Гузари Охун, Пуличуқур, Раззоқ, Кемачӣ, Бешкаппа, Масҷиди Сарв, Тўппидўзон ва ғайра шинос мекунад. Ошноӣ бо китобхона, китобҳои аввалин, муҳаббат ба китобу рўзномахонӣ, дўстӣ бо ҷавонони кунҷкову омўзанда, рақобати солим дар донишандўзӣ, обутоб ёфтан дар мушкилоти давраи ҷанг ва баъдиҷангӣ аз ташаккули шахсияти ҷавони пуркору пурталош дарак медиҳанд. Аз таассуроти китобҳои аввалини мавриди мутолиаи муаллиф «Марҳабо, баҳор»-и Ҳаким Карим, «Марги судхўр»-у «Мактаби кўҳна», «Ятим» ва «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, осори Абулқосим Лоҳутиву Ҳабиб Юсуфӣ то «Обутоб ёфтани пўлод»-и Н. Островский, «Замбўр»-и Лилиан Войнич, «Робинзон Крузо»-и Даниэл Дефо, «Ҷазираи ҷавоҳирот»-и Роберт Стивенсон, «Як тоқа бодбони тобон»-и Валентин Катаев, ки тавассути онҳо чандин насли замони шўравӣ тарбият гирифтаанд, маълум мешавад, ки нақши адабиёти бадеӣ ва арзиши маънавии он дар тарбияи ҷомеа воқеан шоистаи таъкид аст.
Дар баробари осори адабӣ нигоранда аз шавқу рағбати беандозаи худ ба кинофилмҳо низ нақл кардааст, ки як навъ таърихи синамои солҳои 30 - 40 асри гузашта ва шўҳрати онро миёни тамошобинон инъикос мекунад. Филмҳои «Казакҳои Кубан», «Сездаҳ», «Бачаҳои шодмон», «Волга-Волга», «Сирк», «Чапаев», «Шорс», «Мо аз Кронштадт», «Ленин дар Октябр», «Одами милтиқдор», «Александр Невский», «Петри 1», «Суворов», «Кутузов», «Чўпон ва хукбон», «Ҷавоне аз шаҳри мо», «Маро интизор шав», «Гвардияи ҷавон», «Се танкист» ва ғайра аз кинофилмҳое буданд, ки ҷавононро дар рўҳияи ватанпарварӣ, садоқат ва шуҷоат, ҷавонмардӣ ва ростқавлӣ тарбия мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор