Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мавриди тафовути ин фаслҳо бояд гуфт, ки «Зулайхонома» изҳори ишқ ба як нафари мушаххас аст, ки бо хулқу хўи хосу нотакрор офарида шудааст. Дар «Ишқнома» бошад, сухан аз ҷозибаи асрори ишқ аст ва на танҳо аз ҳиссиёти ошиқона, балки аз мафоҳими маънавиву улвӣ низ саршор аст. Аз лиҳози ҳаҷм бузургтарин фасл «Зулайхонома» аст ва хурдтарин – «Темурнома». Бо он ки танҳо фасли «Ҳофизнома» ба Ҳофиз ихтисос дорад, ҷои таъкид аст, ки дар тамоми қисматҳои дигари девон низ рўҳи Ҳофиз мавҷ мезанад ва номи ў зикр мешавад. Гёте дар «Девон» номи шоирони дигар: Фирдавсӣ, Анварӣ, Ҳоқонӣ, Саъдӣ, Низомӣ, Румӣ, Ҷомӣ; шоҳони номвар: Баҳроми Гўр, Кайковус, Ҷамшед, Мансури I, Музаффар, Нўшервон, Шопури I, Маҳмуди Ғазнавӣ, Шоҳ Шуҷоъ; асарҳои адабӣ: «Шоҳнома», «Маснавӣ», «Панднома»; персонажҳои адабиву таърихӣ:
Муҳаммад, Зулайхо, Ҳотам, Лайлӣ, Маҷнун, Фарҳод, Ширин, Юсуф, Рустам, Ҳурмуз, Рудоба, Вомиқ, Узро, Фотима; шаҳру навоҳӣ, кўҳу дарё: Эрон, Бадахшон, Балх, Бомиён, Бухоро, Дарбанд, Зиндаруд, Самарқанд, Шероз ва вожаҳои форсиву арабии Аллоҳ, девон, арафот, бозор, булбул, вазир, мирзо, соқӣ, фатво, ҳиҷрат, ҳуд-ҳуд ва ғайраро ба кор бурдааст.
Ин вожаҳо як навъ либоси шарқии «Девон»-анд, ки мавзўоти мавриди назари шоирро равшантар инъикос мекунанд. Аммо бисёр иттифоқ афтода, ки шоирони Ғарб танҳо бо зоҳири Шарқ маҳдуд шуда, дар шинохти асли он тавфиқ наёфтаанд.
Аксари муҳаққиқони «Девон» бар он андешаанд, ки ашъори онро намешавад як-як ва дар алоҳидагӣ ба доираи таҳқиқ кашид. Ин фикр дарвоқеъ дуруст менамояд, зеро ҳини таҳлили шеърҳо як риштаи ноаёне ба зеҳн мерасад, ки тамомии ашъорро ба ҳам мепайвандад ва онро чун рўҳияи умумии шеърҳо мешавад тафсир кард. Рўҳияи умумии шеърҳои «Девон»-ро комилан шарқӣ ё ғарбӣ гуфтан дуруст нест, зеро бо он ки ин ашъор аз хусусиятҳои шеъри форсӣ, сужету образҳои шарқӣ, тарзи қофиябандиву радиф, санъатҳои бадеии роиҷ дар шеъри шарқӣ саршор аст, боз ҳам анвое аз хасоиси мисли маънигустарӣ ё идроки мафҳумҳои шарқӣ аз ҷониби як марди олмонӣ дар он нуҳуфта аст.

пешина
аз 500
навбатӣ