Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои Гёте дарки ирфони Шарқ, анвои мавзўъву муҳокоти шоирона, назокати ҳунар, поэтикаи шеър, таносуби вожаҳое чун маю соқӣ, гулу булбул, шамъу парвона, тўмору тасбеҳ ва ҳоказо – ҳама ғайриоддӣ буданд.
Дар шеъре ба унвони «Шарқу Ғарб», ки дертар ба қисмати «Муғаннинома»-и «Девон» мулҳақ шудааст, шоир мегўяд:
«Шарқу Ғарб хони неъмати худ бар аҳли назар арза доштаанд. Бикўш, то аз варои пўст ба мағз бингарӣ ва дар паси пардаи ҷудоӣ пайвастани ҳақиқиро бубинӣ, зеро чун сари хони густурдаи ҷаҳон нишинӣ, миёни Шарқу Ғарб фарқе натавонӣ гузошт» (4, 69).
Ва дар шеъри дигар низ мегўяд:
«Ҳар ки худ ва дигаронро бишносад, ночор бад-ин нукта пай барад, ки аз ин пас Шарқу Ғарб ҷудо наметавонанд зист»:
Солҳо дар олами фикру хаёл,
Байни Шарқу Ғарб ҳастам раҳсупор.
Кош марди роҳпаймое кунад
Низ чун ман ин сафарро ихтиёр.
То кунад наздик Шарқу Ғарбро, Бас талабгор асту хоҳон рўзгор (7, 7).
«Девон» аз 235 шеър иборат аст ва аз ин тақрибан 40 шеъри дигар дар иртибот бо мавзўоти он дар қисмати таълиқоту ҳавошӣ ба он мулҳақ шудааст. Худи Гёте «Девон»-ро ба 12 фасл ҷудо карда (бо интиқод аз он ки Ҳофиз тадвини девони худро ба пасовандон вогузошта буд), ба ҳар фасл ду ном гузоштааст, ки яке форсӣ ва дигаре муодили он ба олмонист. Тартиби ҷойгир шудани фаслҳо чунин сурат гирифтааст:
«Муғаннинома», «Ҳофизнома», «Ишқнома», «Тафкирнома», «Ранҷнома», «Ҳикматнома», «Темурнома», «Зулайхонома», «Соқинома», «Масалнома», «Порсинома», «Ҳулднома». Масъалаи тарҳрезии девон хеле аз матлабҳои норавшанро метавонад возеҳ намояд. Худи Гёте соли 1815 дар рўзномааш «Девон»-ро ба 13 фасл ҷудо карда буд ва дар мундариҷаи он дар фасли 1У «Дўстнома»-ро зикр карда буд. Аммо дар нусхаи ниҳоӣ ин фасл ҳазф шуд. «Ишқнома» ва «Зулайхонома» «Китоби якуми Зулайхо»ва «Китоби дувуми Зулайхо» ном гирифта буданд, ки ҳини чоп унвонҳои мазкур пазируфта шуданд.

пешина
аз 500
навбатӣ