Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– овардани вови атф дар оғози байт ё мисраи дувуми он.
– хурўҷ аз авзони арўзӣ.
– баргузидани баҳрҳои ғариб ва номаънус, ки дар асрҳои баъд аз миён рафтаанд. Масалан, Носири Хусрав ба ин гуна баҳрҳо таваҷҷўҳ дошт. Ба қавли Муҳаммадҷаъфари Маҳҷуб аз 261 қасидаи Носири Хусрав 59 қасида дар авзони ноҷўр суруда шудааст.
– Табдили ҳаракатҳо ба ҳаракатҳои дигар.
– Тахфиф.
Дигар аз хусусиятҳои забонии шеъри аҳди Ғазнавиён нуфузи вожаҳои арабӣ аст, ки нисбат ба давраи Сомониён хеле бештар шудааст. Дар иртибот ба ин масъала метавон аз таҳлили омории Муҳаммад Ғуломризоӣ ёдовар шуд, ки мувофиқи он дар як қитъаи Дақиқӣ аз 84 калаима 14 вожа арабӣ аст, дар қасидаи Унсурӣ аз 97 вожа 25 вожаи арабӣ, дар қасидаи Фаррухии Сиистонӣ аз 77 калима 20 калима арабӣ аст. Аз миёни шуарои аҳди Ғазнавиён калимаҳои арабӣ зиёдтар аз ҳама дар ашъори Манучеҳри Домғонӣ ва Носири Хусрав дучор меоянд.
Ин ҷо як нукта афзуданист, ки (ин нуктаро Муҳаммади Ғуломризоӣ низ таъкид кардааст, 4, с. 115) дар ҳамаи шеърҳо миқдор ё таносуби вожаҳои форсиву арабӣ гуногун аст. Чунонки майлу рағбати Манучеҳрӣ ва Носири Хусрав ба вожаҳои арабӣ дар баъзе қасидаҳо чандон назаррас нест, аммо дар маҷмўъ тақрибан 20 дар сади вожаҳои ин ду шоир арабӣ мебошанд.
Яке аз вежагиҳои шеъри ин давра ташдиду тахфиф ва дароз талаффуз кардани садонокҳои кўтоҳ мебошад.
Ҳамчунин, чи хеле ки дар давраи Сомониён низ ба мушоҳида расид, ноҳамгунӣ дар авзони арўз ҳанўз ҷой дорад. Забони шеъри ин давра бо содагии худ имтиёз дорад. Дар ин давра низ салобати сухан боқӣ мондааст ва намунаҳои фарру шукўҳи забон ва шеъри ин давраро дар ашъори Носири Хусрав ё қасидаҳои Унсурӣ метавон пай бурд.
I. Вежагиҳои адабӣ.

  1. Муҳимтарин қолабҳои шеъри ин давра қасида (шуарои қасидапардоз Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Носири Хусрав), маснавӣ («Вис ва Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ, «Гаршоспнома»-и Асадии Тўсӣ, «Варқа ва Гулшоҳ»-и Айюқӣ), рубоӣ (Унсурӣ, Хайём), мусаммат (Манучеҳрӣ), тарҷеъбанд (Фаррухии Сиистонӣ), дубайтӣ (Бобо Тоҳири Урён) мебошанд.
пешина
аз 500
навбатӣ