Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар баробари ин, Ғазнавиён душманони маънавии худро гирифтори ҷазои сахт мекарданд. Чунончи, муносибати онҳо ба Фирдавсӣ, ки дар пиронсолӣ аз таъқиби онҳо дар гурез буд, Абўрайҳони Берунӣ, ки аз кўшк сарозер афканда шуд ё Масъуди Розӣ, ки ба илали андарз гуфтанаш ба шоҳ ба Ҳиндустон бадарға шуд, дар таърих машҳур аст.
Баъди шикаст додани Масъуд дар Марв Салчуқиён ба Эрон тохтанд ва пирўзӣ ба даст оварданд. Ҳарчанд ки онҳо бо хатту забони форсӣ ва фарҳанги эрониён ошно набуданд, вусъати ҷуғрофии кишвари форсизабонон ва ихтилофи лаҳҷаҳо ба тағйири сабк ва забони шеър дар ин давра мусоидат намуд. Чунончи, Қатрони Табрезӣ бо он ки ба форсӣ шеър мегуфт, бо лаҳҷаи Хуросон ошно набуд ва дарки матлабҳои шуарое чун Мунҷик ва Дақиқӣ барои ў мушкил буд. Ё худ Биндори Розӣ ва Алии Пирўза ба лаҳҷаи табарӣ, Бобо Тоҳир ба лаҳҷаи ҳамадонӣ шеър мегуфтанд.
Забони пайравони сабки хуросонӣ. Дар аҳди Ғазнавиён кўҳнагиҳои забонӣ ва вожаҳои маҳҷури форсӣ, ки дар шеъри давраи Сомониён фаровон ба кор мерафт, хеле коста гардид. Шоирон ба интихоби алфоз таваҷҷўҳи бештар зоҳир намуда, вожаҳои хушоҳанг ва гўшнавозро барои шеърҳои хеш пазируфтанд ва ҳамин раванд боиси ривоҷ ёфтани баҳрҳои хушоянди арўзи Аҷам ва санъатҳои лафзӣ гардид. Бо вуҷуди ин, нишонаҳои қидмат дар шеъри форсии ин давра боқӣ монд, ки баъзе нишонаҳояш чунин аст:
– истеъмоли «куҷо» ба маънии «ки»:
Ҳар он гаҳ куҷо оварад порсиҳо, Намонад ҳаме бо касе порсӣ.
Зайнабии Алавӣ
– овардани «эдун», «эдар»:
Ту нагуфтӣ маҳ ба чӣ монад, ки ман эдун гуфтам, Ки ба маҳ монаду маҳро зи ситора лашкар.
Фаррухӣ
– истеъмоли «або», «абӣ», «атар»:
Ба об андар або дарё адилӣ,
Ба тоб аз оташи дўзах бадилӣ.
Қатрон – алифи итлоқ.

пешина
аз 500
навбатӣ