Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ХУБОНИ ПОРСИГЎ
МУРУРЕ БА ШЕЪРИ БОНУВОНИ СУХАНВАР

Ағлаби муҳаққиқин бар он андешаанд, ки шеърро ба занона ва мардона набояд ҷудо кард ва ин масъала мабнӣ бар ҷавҳари шеър аст, ки ба ҷинси халлоқи он иртибот надорад.
Зоҳиран, ҳақ ба ҷониби онҳост, аммо дар ин миён масъалаи на танҳо «чӣ дидан», балки «чӣ тавр дидан» низ ҳаст, ки, бешак, ба табиати инсон ва зимнан ба ҷинси ў низ алоқаманд аст. Фурўғи Фаррухзод, шоири қолабшикану навгаро ва тозабини эронӣ дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки «ман ба иллати хусусияти рўҳӣ ва ахлоқии худам ва, масалан, хусусияти зан буданам табиатан масоилро ба шакли дигаре мебинам».
Шояд дар шеъри занон ҳамин «ба шакли дигар дидани масоил» бештар аз нукоти дигар ҷолиби таваҷҷўҳ бошад, зеро шеъри занону мардон то садаи охир қобили қиёс нест, ҳарчанд Робиаи Балхӣ аз поягузорони шеъри форсӣ ё Маҳастӣ аз беҳтарин рубоисароён ва аввалин гўяндаи рубоии шаҳрошўб будааст, Ҷаҳонмаликхотуну Мутриба, Меҳриву Зебуннисо, Тоҷуддавлаву Мастура, Нодираву Тоҳира низ ба қадри тавоноӣ дар шеър қалам озмудаанд, аммо тамоми ашъори боқимондаи онҳоро бо он ки баъзе аз номбурдаҳо (мисли Ҷаҳонмаликхотун ё Нодира) соҳибдевон ҳастанд, имкон дорад танҳо дар ду-се ҷилд ҷамъ биёрем, дар ҳоле ки ашъори шуарои мард чандин ҳазор ҷилд хоҳад шуд.
Ҳароина, шеър каломи мухайял аст, ки заъфу тавони он ба ҷинси шоир марбут нест. Аммо, бидуни тардид, муоинаи чеҳраи зан ва ҳиссиёти занона дар шеър ба назар ҷолиб менамояд, зеро дар адабиёти мо, ки ҳунари мардони шоир эътироф шудааст, ба хидмати занони суханвар низ бояд арҷ гузошта шавад.
Ривояте ҳаст, ки тибқи он аввалин гўяндаи шеъри форсӣ занест бо номи Дилором. Тибқи ин ривоят Баҳроми Гўр, ки бо Дилором унс гирифта буд, ҳарҷо ки мерафт, ўро бо худ мебурд.
Боре ҳангоми шикор ба Дилором муроҷиат карда гуфт: «Манам он шери жаёну манам он бабри яла». Дилором билотаваққуф ба ҳамон вазну қофия афзуд, ки «Ном Баҳром турову падарат Бўҷибала».

пешина
аз 500
навбатӣ