Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун расад фардо
Бар тамоми одамон бо меҳр хоҳам гуфт:
Кўлбори хашматон аз шона андозед, Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз некиву ишқу дўстдорӣ нест.
Дар як силсила ашъори Неъмати Оташ чеҳраҳои мунаввари илму фарҳанги Тоҷикистон – профессорон Абдулманнони Насриддин, Александр Дун, духтури дил Иброҳим Хоҷаев, шоирон Лоиқ, Озод Аминзода, Фарзона, аҳли санъат Ҷўрабек Муродов, Маъруфхўҷа Баҳодуров, Сайрам Исоева ва дигарон бо ҷолибтарин сифоти худ мунъакис шудаанд. Ин номварони диёр ҳамзамонони шоир, мафохири рўзгори ў ҳастанд, ки ба андешаи ў бояд ба насли имрўз шиносонида шаванд. Бад-ин хотир, шоир бо камоли иродатмандиву ихлос аз хидматҳои онҳо ёд мекунад. Чунончи, дар шеъре, ки ба Ҷўрабек Муродов бахшидааст, мегўяд:
Сафири меҳри ҳама тоҷикони дунёӣ, Паёми сабзи шукуфтан ба боғи дилҳоӣ.
Расули ваҳдату сулҳӣ,
Ки мебарӣ зи диле бар диле ту пайки мурод.
Як бастаи ашъори зебо номаи меҳру садоқати шоир ба зодгоҳу диёр – ба Рўмону Хуҷанд ва Тоҷикистони азиз аст.
Аз ин ашъор шахси гўяндаро мунодии сулҳу дўстӣ ва инсони меҳрубону ҳассосе тасаввур мекунем.
Вақте мегўяд ки:
Барои он ки ин зебозамин аз ҷанг осояд, Кабўтарҳои меҳру дўстиро дар фазои зиндагонӣ болу пар додан, Чароғи сулҳро доим фурўзон доштан бояд, – мо ба самимияти харфи ў бовар мекунем ва ҷои шак нест, ки эътимод ба ҳарфи адиб – эътирофи ҳунари ўст.

Пайнавишт:

  1. Неъмат Оташ. Шукуфа.–Душанбе: Адиб, 1989.
  2. Неъмат Оташ. Ба ишқ бовар кун.–Хуҷанд: Ношир, 2003.
  3. Неъмат Оташ. Мусофири шаҳри борон.–Хуҷанд: Ношир, 2012.
  4. Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин. Нухбаи шеър ва шеъри нухбаи Гарморудӣ.–Пешгуфтор ба китоби Гарморудӣ Саид Алӣ Мусавӣ «Садои сабз».–Теҳрон, 1382.
    Соли 2003
пешина
аз 500
навбатӣ