Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу фасли дигаре ояд,
Насимаш абри кинро аз фазои зиндагонӣ дур хоҳад кард...
Ва хуршедаш паёми меҳр хоҳад дод Ва инсоне ба инсоне дуруди меҳр хоҳад гуфт.
Ин мисраъҳо, ки аз маҷмўаи «Ба ишқ бовар кун» баргузида шуданд, бозгўе аз ормонҳои шоирона ва интизориҳои ў аз фасли фардои равшан аст.
Шинохти шеър ва доварии арзишҳои он, дар воқеъ кори сангин аст, вагарна то имрўз таъриф ва меъёрҳои баррасии он дақиқан возеҳ ва собит будӣ. Донишманди камназир Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ дар пешгуфтори китоби шеърҳои шоири номвари муосири эронӣ Сайид Алӣ Мусавии Гарморудӣ дар таърифи шеър гуфта буд, ки «шеър иттифоқест ғайризабонӣ ва ғайриадабӣ... Шеър розбинӣ ва рўъёбинии инсони шоир аст. Барои он ки касе шеърнигор бишавад, бояд шеърнигар бошад». Ва поёни ин таъриф хулосаест, ки «ҳунар нигоҳи мутафовит аст». Мусаллам аст, ки аз сатҳ ба умқ раҳ паймудан ва ашёву муҳитро бо чашми дарун дидан ашъори як шоирро аз дигаре мутамойиз мекунад. Ва метавон чунин ҳадс зад, ки нигоҳи шоир ва шахсияти шоир муқаддамтар аз маҳорати ў дар корбасти васоити бадеист, ҳарчанд ки балоғати калом дар маҷмўъ аз тасовӣ ва ҳамбастагии ин ҳарду таъмин мегардад.
Агар дар мавриди мутолиаи ашъори Неъмати Оташ аз ҳамин дидгоҳ назар андозем, лобалои ин ашъор нафареро бо нафаси тоза ва нигоҳи некбин пайдо мекунем. Пушти шеърҳои Неъмати Оташ фардест хайрандешу хушбовар, ки мехоҳад кўлбори ғуссаро бар бод афканад ва бар суроғи хонаи хуршед биравад, то нурро бар зулматистон ҳадя орад. Дарахти бовари ў бо ҳазорон захмҳо ҳанўз реша дар об дорад ва ў умедвор аст, ки фариштаҳо бо чилчароғи муҳаббат шоми ғамро мунаввар менамоянд ва ватан хонақоҳи мармарини ишқ мешавад, ки дар домони поки ў ватандорон намози ишқ мехонанд. Фардои муҷалло дар тасаввури шоир аз бовари мардум ба ишқ ибтидо мегирад:

пешина
аз 500
навбатӣ