Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ин маҷмўа гувоҳи он аст, ки шоир зина ба зина уруҷ мекунад ба самти шинохти худ ва решаҳои маънавии миллат ва руҷўъ мекунад ба ҳазрати Инсон, ба нури чашми Рўдакӣ ва писари асили Хайём – Лоиқи зиндаёд, ки дар «варақи санг» номаҳое аз худ ба ёдгор мондааст. Дар паси мисраъҳои ин ашъор гўяндаи ин шеър – инсони бедордили имрўзин, ки аз зуҳури ҳазрати Инсон то ба ин дам – ҳама чиз дар зеҳнаш мечархад ва на танҳо расму оин ва суннатҳои миллӣ, на танҳо ниёгону риҷоли имрўз, балки бузургони ҷаҳон мисли Бетховену Достоевский ҳамдаму ҳамрозаш ҳастанд, ба мо рў менамояд.
Ба ин шоири соҳибназару соҳибқалам ва хуштабъу тозаҷў, ки сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ шудааст, дар баҳори шастуми зиндагиаш орзу мекунем, ки бехи умраш сабзу безавол бошад.
Пайнавишт:
- Раҳматзод Аҳмадҷон. Баҳори хаёл.–Душанбе, 1987.
- Раҳматзод Аҳмадҷон. Шукуфтасанг.–Душанбе, 1990.
- Раҳматзод Аҳмадҷон. Ашки мармар.–Хуҷанд, 2002.
- Раҳматзод Аҳмадҷон. Номаи сарво.–Хуҷанд, 2008.
- Раҳматзод Аҳмадҷон. Номаи мўҳрбанд.–Хуҷанд, 2010.
Соли 2013
МУСОФИРЕ АЗ ШАҲРИ БОРОН
(Нақди шеъри Неъмати Оташ)
Бештар аз бист сол мешавад, ки шоире бо тахаллуси «Оташ» ба майдони шеъри тоҷикӣ ворид шуд ва аз аввалин ашъораш эҳсос гардид, ки маромаш сўхтану афрўхтан аст. Ў дили пур аз гармиву мехр ва ихлосу эътиқод ба одамонро самимона ва мунсифона пешорўи хонандагонаш боз кард. Аз маҷмўаи аввалинаш «Шукуфа», ки соли 1989 дар нашриёти «Адиб» чоп шуд, то маҷмўаҳои «Садои сабзи шукуфтан»
(1999), «Мунтахаби ашъор» (2001), «Ба ишқ бовар кун» (2003) ва ниҳоят «Мусофири шаҳри борон» (2012) шоир қадам ба қадам бо ҷодаи шеър пеш меравад, мушкилоти сафар ба шаҳри суханро торафт бештар эхсос мекунад, баёнаш суфтатар, тасвирхояш зиндатар, мантиқи каломаш қавитар мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо