Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Мулоҳизоти А. Набавӣ ва, дар маҷмўъ, андеша дар асли матолиби навназарӣ силсилаи пурсишҳоро пеш меорад. Аз ҷумла, ба таври ҷиддӣ метавон суол кард, ки оё М.
Раҷабӣ аввалин пажўҳанда дар тарҳрезии таърихи афкори сухансанҷии давраи шўравӣ аст, ки ба чунин шеваи таҳқиқ рўй оварда ва А. Набавӣ ба нақди он пардохтааст? Оё чунин имкон вуҷуд дошт, ки дар муқаддимаи хондании А. Набавӣ моҳияти тозаназарии адабӣ аз дидгоҳи яке аз бунёдгузорони андешаи ҷадид дар тарҳи таърихи адабиёти давраи шўравӣ Муҳаммадҷон Шакурӣ низ асоси бозгўии илмӣ қарор гирад. Ба фикри мо, дар ҳар ҳол шодравон М. Раҷабӣ ба сифати идомадиҳандаи талошҳои илмӣ ва ҷусторҳои таърихи адабпажўҳии академик М. Шакурӣ ба баррасии мушаххасоти афкори сухансанҷии солҳои 1920-1954 пардохтааст. Гузориши ин суол безамина нахоҳад буд, ки чаро тозаҷўӣ ва тозаназарии М. Шакурӣ, ки ба ҳақиқат яке аз бунёдгузорони фаҳмиш ва консепсияи нав дар шинохти таърихи адабиёти муосири тоҷик аст ва М. Раҷабӣ онро пайгирӣ карда, мавриди нақду назар қарор нагирифтааст? Ба назари мо, ғоя, дарунмоя ва сифати пажўҳишҳои академик М. Шакурӣ аз ҷиҳати тасвир ва тафсири манзараи умумии адабиёти садаи бисти тоҷик қобили мулоҳиза аст. Бо назаре шитобзада метавон гуфт, ки таваҷҷўҳи вежа ва ноқидонаи А. Набавӣ ба рисолаи М. Раҷабӣ дар пешгуфтори рисолаи марбут ба Бектош бо назардошти пайванди он ба давраи фаъолият ва бозҷустҳои муҳаққиқи аз назари шўравӣ манфур сурат гирифтааст…
Дар маҷмўъ, адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар шароити имрўз бояд ба ҳаллу фасли масоили зер саргарм бошад:
1.Таъйини куллии арзишҳо ва вежагиҳои умдаи давраи нави таҷаддуди тафаккури илмӣ, ки дар даҳаи ҳаштодуми садаи бист шурўъ шуда ва заминае барои шинохту бозшинохти адабиёт ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ фароҳам овардаанд. - Таҷдидан ба доираи мулоҳизоти амиқи илмӣ ворид намудани аснод ва мадорики дасти аввали таърихиву адабӣ, ки ҷавҳари матолиб ва нукоти асосии дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ин давраро бозгўй мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо