Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарахт – баландӣ, устуворӣ, сояафканӣ (дарахти давлат, дарахти дин); Дарё – бузургӣ, беканорӣ (дарёи ҳусн, дарёи ақл); Расан, каманд – бузургӣ ва дарозӣ (расани афв, расани ато, каманди зулф); Сарв – ростии қомат (сарви қомат, сарви қад); Камон – каҷӣ (камони ду абрў); Гул – шукуфоӣ ва тароват (гули тараб); Лаъл – сурхӣ (лаъли май);
Насим – сабукрўҳӣ (насими сулҳ, насими васл).
Масалан, Хусравии Сарахсӣ гўяд:
Абр чун ту кай аст найсонӣ,
Зар кай борад абри найсоно.
Ё худ Абўтайиби Сарахсӣ гўяд:
Бехе нишон, ки давлати боқит бар диҳад, К-ин боғи умр гоҳ баҳор асту гоҳ хазон.
Тавсиф чун воситаи баён дар шеъри давраи Сомониён аз саноеи хеле муҳим ба шумор меояд. Он на танҳо баёнгари сифати чизест, балки ифодагари ҳиссиёт, муносибат ва матлабҳои гўянда низ мебошад. Масалан, аз 98 тавсифе, ки дар мавриди «маъшуқа» омадааст, ҳар кадом вазифае дорад: бархе барои тасвири зоҳир: бунафшаҷаъд, парирўй, паричеҳра, хуршедчеҳра, сарвқад, суманбар, симдандон, лоларух, мушкинмўй, ёсуминбар, ёсуминтан, зардгуна; бархи дигар барои ифодаи сифоти ў: озодатабъ, бадхў, бевафо, беҳуда, пургўй, турушрўй, дўзахикеш, сангиндил, шакаршикан, шерхашм, айёр, лашкаршикан, номеҳрубон, навомўз хидмат кардаанд. Аз миёни авсофе, ки дар ин давра шуаро ба кор бурдаанд, калимаҳои зерин басомади бештар доранд: обдор, ороста, озода, асир, бадеъ, баста, баланд, бемор, бемаза, пок, паст, тобон, тоза, талх, танг, тез, хуррам, хароб, хушк, хандон, дароз, равон, равшан, рост, зард, заррин, зишт, сабз, сапед, сурх, сард, сиёҳ, симин, ширин, шикаста, кабуд, кўз, гарм, латиф, мушкин, ноб, нагун, нок. Дар баробари вожаҳои пуркорбурд, баръакс, баъзе калимот хеле кам мавриди истифода қарор гирифта, далолат ба кўҳнагӣ ё ғаробат доранд: оҳуфағанд, оҳехта, аҷгаҳан, ашҳаб, пурғавна, палолак, ҷўхгин, шахуш, вағиш, ҳаҷир…

пешина
аз 500
навбатӣ