Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Сухан шабеҳ ба алмос, позаҳр, теғ, дард, дармон, заҳр, шаранг, асал, мор, нассоҷӣ, ёқут дониста шудааст. Ваҷҳи ташбеҳ вобаста ба муштаракии аломат миёни мушаббаҳ ва мушаббаҳбиҳӣ метавонад мухталиф бошад, аз қабили ранг, бўй, таъм, тароват, ростӣ ё каҷии қомат, ҳаҷм, шакл, тавоноӣ, ақлу хирад, шаҳомат, ғурур ва ғайра.
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки ташбеҳ дар шеъри форсии асри Х аз тамоми саноеи бадеии дигар бо басомади худ имтиёз дорад. Ташбеҳҳое, ки ҳамчун ҳосили дида ва андўхтаву эҳсосоти шуарои ин аҳд буданд, баъдан ба ҷузъи маъмулӣ ва муқаррарӣ табдил ёфтанд ва пояҳои шеъри форсӣ бо ин ташбеҳот устувор гашт. Маҳз ҳамин мушоҳида ва таҷрибаҳои шоирони асри мазкур барои таҳрики хаёл ва фикри адибони давраҳои дигар замина гузошта, мўҷиби торафт нозуктар ва амиқтар баён гардидани андешаҳои онҳо шуданд.
Дар давраи Сомониён истиора низ зиёд ба кор рафтааст.
Ба орият гирифтани баъзе сифатҳои ташбеҳшаванда аз вежагиҳои сабки ин давра ба шумор меояд ва вожаҳои зерин, ки дар шеъри даврон басомади зиёд доранд, ба сифати истиора баёнгари мазмунҳои зерин шудаанд:
Абр – фаровонӣ (абри раҳмат, абри шуҷоат); Оташ – тезӣ ва тавоноии ботинӣ (оташи ишқ, оташи рашк, оташи қаҳр, оташи ҳасрат); Осиё – қувваи рафънопазир (осиёи замона); Бод – нопойдорӣ, тезгузарӣ (боди аҷал); Баҳр – фаровонӣ (баҳри кафи ҳиммат); Тир – оварандаи дарду ғам (тири фироқ, тири ҷафо, тири меҳнат); Теғ – маҳвкунанда (теғи қаҳр); Чанг – тасаллутгар (чанги ишқ, чанги меҳнат, чанголи қаҳр); Дар – ҷои вуруд, роҳ – (дарҳои рўзӣ, дари фатҳ, дари марг);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё