Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба тазкори ҷумҳури ҳар тоифа,
Китобе намудаст пурфоида.
Валекин, ки Ўроқи Дониш хитоб, Писандаш наёмад магар он китоб.
Ки гуфтаст дар қадҳи он тазкира, Ду-се байти зебову хубу сара (10, 121).
Воқеан ҳам Аҳмад-махдуми Дониш дар ду маврид ин тазкираро мавриди накўҳиш қарор медиҳад. Нахуст, дар ҳаҷвияи зерин:
Бо бехирадон нозу наим аст ҷаҳон, Бар доноён нори ҷаҳим аст ҷаҳон.
Сар то по як нусхаи бемаънӣ гир, Чун тазкираи Ҳоҷӣ Азим аст ҷаҳон.
Дар ҳаҷвномаи дигар Аҳмади Дониш боз ҳам забон ба таъна боз мекунад:
Ҳоҷии Шаръӣ намуд тазкирае,
То ки ёбад зи чархи давр футуҳ.
Нуктаҳо аз салолатӣ мақдуҳ,
Қиссаҳо аз саломатӣ маҷруҳ.
Андар он зикр карда ҷумла харе, Ҳама аз ҷаҳл толиби салтуҳ.
Сабаби чунин ҳақоратнома навиштани Аҳмади Донишро метавон чунин ҳадс зад, ки замоне миёни ў ва муаллифи тазкира нофаҳмие рух дода будааст. Ҳарчанд ки дар миёни адибоне, ки дар асар зикр шудаанд, номи Аҳмади Дониш ҳам ҳаст ва чандин саҳифаи тазкираи Шаръӣ ба ў ихтисос дорад, боз ҳам Дониш бадгўӣ кардааст. Мо сабаби ин ҳолро дар матлаби Шаръӣ дар бораи Дониш ва муносибати ин ду нафар ҷустем ва дар тазкира нуктаи зеринро пайдо кардем, ки аз сар задани муноқиша ва ба сулҳ анҷом ёфтани он далолат мекунад: «Чунончи ҳам дар он айём яке аз муосирин аз ин мамар (р) бо ў ба мушоҷира бархоста ва суханҳои баландеро, ки баъд аз муохиза дар мурсалае нигошта, пайке аз акобири ақрон ирсол дошта буд, дастовез сохта, ба тафҷир ва такфираш бемуҳобо иқдом менамуд. Рўз ба рўз ноираи ин шўъла равшантар мешуд ва дам ба дам он чи аз ҳар кас дар ин боб мерасид, замми замима мегардид ва шубҳа бар шубҳа меафзуд, то шабе ба ҳузури он бузурги муосир роқимулҳуруфро бо он рафиқи муориз дар ин боб муколамае рўй дод.

пешина
аз 500
навбатӣ