Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Фақир мутасаддии рафъи шубаҳот ва дафъи эътирозоташ гардидам ва он чи мутобиқи ақоиди аҳли ҳақ буд, мунсифона баён ва ҳамли саҳеҳулбунён намудам. Он аҷиба аз он асвила он бузурги ҳозирро писанду матбўъ афтод ва он ёри азиз ба исъои калимаи ҳақ аз сари он моҷаро даргузашт ва ҳақирро, ки истиноде ба он муаллифи рисола доштам, мамнуни эҳсон гардонид» (17, 72-73).
Ин ҳаҷвияҳо адабиётшинос Расул Ҳодизодаро ба хулосае меоранд, ки тазкираи мазкур ҳатман мукаммал будааст ва дар он шояд дар бораи як гурўҳ шахсони барои Аҳмад Дониш манфур маълумот дода шудааст, бинобар ин, мавриди маломати ў қарор гирифтааст. Ба андешаи ин муҳаққиқи фозил, шояд Шаръӣ мусаввадаи худро барои рўйнавис кардан имкон наёфта бошад (16, 49). Ҳароина маълум мешавад, ки Аҳмад-махдум аз Шаръӣ бо сабабе ранҷида, эҳсоси худро бо камоли теззабонӣ дар чанд байти ҳиҷо ифода карда будааст.
Услуби баёни тазкираи Шаръӣ содаву равон ва илмӣ буда, шарҳу тавзеҳи масъалаҳои адабӣ ва зикри тароҷими аҳволи шуаро бо як тарзу услуби ҷолиб сурат гирифтаанд.
Агарчи дар тазкираи мавсуф теъдоди луғот ва таркибу истилоҳоти арабӣ ба касрат дучор мешаванд, забони насри ў назар ба дигар тазкираҳои мавҷудаи замони ў содаву равон ба назар мерасад. Сабки нигориши асар низ ба равиши тозаву махсус ҷараён гирифтааст. Шаръӣ ҳини ковиш ва бозҷусти шеваҳои тозаи баёни матолиб кўшидааст, ки услуби таълифи тазкираҳои мутақаддиму мутааххирро низ ба кор гирад. Бино ба таъкиди Расул Ҳодизода, «забон ва тақрири Шаръӣ низ хеле матин аст ва аз намунаи беҳтарини насри бадеии нимаи дувуми асри ХІХ ба шумор меравад. Афсўс, ки чунин як тазкираи пурқимат нотамом мондааст ва тамом шуда бошад ҳам, фақат чанд порчаи он то замони мо маҳфуз мондааст» (16, 50).
Ҷойгоҳи тазкираи Шаръӣ дар миёни тазкираҳои дигар ва арзиши адабии он.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё