Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мулло Акмалхоҷаи Тошкандӣ 3. Шайхи нақшбандӣ Муҷаддадии Пешоварӣ 4. Эшони Сўфихоҷаохунди Муфтии Бухороӣ 5. Мулло Мир Зуҳуриддин-махдуми Бухороӣ 6. Мулло Абдулқодирҳоҷаи Бухороӣ 7. Мулло Мир Аҳмад-махдум ўроқи муҳандиси Дониш, хаттоти Бухороӣ 8. Мирзо Ҷаҳонгир Маҷнуни Эронӣ 9. Мулло Раҳматуллоҳ Қорӣ Возеҳ 10. Мулло Шамсиддин-махдуми Шоҳин.
Аз миёни ин 10 тан Шаръӣ намунаҳои ашъори 6 нафарро зикр намудааст ва аз 4 нафар (Шайхи нақшбандӣ Муҷаддадии Пешоварӣ, Эшони Сўфихоҷаохунди Муфтии Бухороӣ, Мулло Мир Зуҳуриддин-махдуми Бухороӣ ва Шамсиддини Шоҳин) намуна наовардааст. Дар бораи Мир Зуҳуриддин-махдуми Бухороӣ навиштааст, ки ашъори форсиву арабӣ дорад, аммо шояд ба сабаби дастрас набудани он ашъор дар тазкира ҷой надодааст. Аз Акмалхоҷаи Тошкандӣ ашъори арабӣ, аз Савдо ва Возеҳ ба ғайр аз намунаҳои шеъри форсӣ як шеъри туркӣ, аз Сират, Аҳмади Дониш ва Маҷнуни Эронӣ ашъори форсӣ сабт шудааст. Ҳамин тариқ, танҳо ду нафар аз номбурдагон Муҷаддадии Пешоварӣ ва Эшони Сўфихоҷа ба унвони фузало ва уламои дин ба китоб ворид шудаанд.
Дар бораи Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ, сабаби таълиф ва иштиҳор наёфтани тазкираи ў тазкиранависи дигари ҳамин аҳд –Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ мегўяд, ки «бисёр суханшинос ва маънирас буд, бино бар ин, даъвои мутасаддии «Тазкират-уш-шуаро» гардида, чанд ҷузъ дар он боб тартиб намуда, аммо шеваи таассуб ва ҳиҷоро пеш (гирифта), аксар аз фозилонро қадҳ намуда, лиҳозо ба ҳукми «ман оба уйиба» (яъне, – ҳар ки айбгирӣ намуд, мавриди айбгирӣ қарор хоҳад гирифт – М. М., И. Э.) гардида, тазкираи он аз зикру хотирҳо фаромўш гардид... Он қадҳ дар вай, ки аз ў содир аст, он ҳам аз ҳиддати зеҳн ва имтиёзи ўст» (1, 140).
Садри Зиё тазкираи Шаръиро «пурфоида» меномад, вале мақбул наомадани онро ба Аҳмад-махдум пинҳон намедорад:

пешина
аз 500
навбатӣ