Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тазкираи Ҳоҷӣ Азими Шаръӣ. Исми Ҳоҷӣ Азими Шаръӣ ба шарофати тазкирааш боқӣ мондааст, вале, мутаассифона, аз ин асари арзишманд танҳо чанд бобе то ба мо расидааст. Азбаски тазкира аввалу охир надорад, маълум нест, ки муаллиф ба он чӣ унвоне додааст. Садри Зиё онро «Тазкират-уш-шуаро» гуфтааст, вале Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ва Аҳмад Гулчини Маонӣ дар «Таърихи тазкираҳои форсӣ» бо исми «Тазкират-ул-фузало» ном мебаранд. Зимнан, тазкираи мазкур дар солҳои 80 асри ХІХ таълиф шудааст, вале маълум нест, ки шакли комили он аз чанд боб иборат бошад. Зеро танҳо як нусхаи нотамоми он то рўзгори мо боқӣ мондааст ва он ҳам дар захираи дастнависҳои шарқии АФ Ўзбекистон ба номи Абўрайҳони Берунӣ таҳти шумораи 3396 нигоҳ дошта мешавад. Тазкираи Ҳоҷӣ Азими Шаръӣ аз сарчашмаҳои хеле нодир буда, то имрўз интишор наёфтааст.
Дар ин тазкира перомуни 10 нафар шоиру нависандагони қуруни ХІХ ва ХХ ҳавзаи адабии Бухоро маълумот ҷой дорад ва китобати он аз сўи шоир Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим сурат гирифтааст. Дар ин бора аз саҳифаи охирини тазкира метавон огоҳ шуд: «Қадре, ки тазкираи Ҳоҷӣ Абдулазим таълиф ёфта, ин ҷост, ки мактуб ба хатти Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (ваф. 1934) аст» (17, 95). Нусхае, ки сухан дар борааш меравад, китобест иборат аз рисолаи «Таърихи Муллозода» (с. 1-41), «Тазкираи Шаръӣ» (с. 55-94), муросилоти қозӣ Абдулвоҳиди Сарир (с. 94-100) ва ашъори мухталифу латоиф. Нусха дар коғази қадими хўқандӣ бо хати хонои настаълиқ навишта шудааст, вале соли китобати асар дар он зикр наёфтааст.
Роҷеъ ба сохтор ва мундариҷаи тазкираи Шаръӣ ҳаминро бояд гуфт, ки он муқаддима ва хотима надошта, дар таснифи бобҳо низ низоми махсус риоя нашудааст. Саҳифаи аввали тазкира бо «Баёни алиф» бо зикри Абулфазл Сирати Балхӣ оғоз ёфта, саҳифаи охирини он бо зикри Шамсиддини Шоҳин хотима меёбад.
Тарҷумаи ҳоли 10 нафар ба тартиби зерин омадааст:

  1. Қозӣ Мавлоно Мир Абулфазл-махдум Сирати Балхӣ 2.
пешина
аз 500
навбатӣ