Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа
САМОИ ДИЛ
Мерасад бар ёди ман оҳанги гуфтугӯи ту,
Дил ҳамеша дар талошу дар суроғи рӯи ту,
Роҳи манро гар бубастӣ ту намедонам чаро?
Меравам ман ҳар замон бо роҳи печон сӯи ту.
Чун ситора гар бигирӣ дар самои дил макон,
Ман мунаҷҷимвор оям рӯзу шаб бар кӯи ту.
Ҳамчу Маҷнун мезанам худро ба ҳар кӯҳу дара,
То бубинам як даме ман қомати дилҷӯи ту.
Мактаби ишқи ту меомӯхт панду ҳикматам,
Эй ки хондам ҳарфи меҳр аз дафтари абрӯи ту.
Кай, Бунафша, мерасӣ бар қадри ин Муштоқи хеш,
Зуд о, ки медамад испедаҳо дар мӯи ту.
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, ҷони ман, эй кишвари зебои ман,
Рӯи регу санги ту гулҳо шукуфон чун чаман.
Чашмаҳоят нуқрафому дашту саҳроят базеб,
Дилрабо домони кӯҳу сабзазорат, эй ватан.
Хониши кабки дарию булбулонат ҳар саҳар
Мерасад бар гӯши кас аз қуллаи кӯҳу камар.
Шоирон бар васфи ту садҳо ғазалҳо гуфтаанд,
Ман нависам достон дар дафтари аҳли башар.
З-он ки ваҳдат, парчами осудагӣ дорад ҷило,
Нест андар мулки мо марди ғарибу бенаво.
Ваҳдатобод аст ин хоки куҳан, Муштоқ, дон,
Сулҳ бошад бар дили ҳар дардманде чун даво.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё