Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Усмон аз завқи бачаҳо худ завқ мебурд. Пас хато накардааст. Бачаҳо аз дидани ҳар чизи нав хурсанд мешаванд. Онҳоро ба коре ҷалб кардан мумкин.
Ё нагўяд!
Чаро?
Дер ё зуд, сахт ё нарм Хиёл мешунавад, ки падараш чӣ орзуҳо дорад. мефаҳмад, ки падар аз ў чӣ мехоҳад?
Мегўяд:

  • Хайр, чўҷаҳо. Ганда не- ҳа?! Ҳар бегоҳ марҳамат кунед. Биёед. Усто умри арча надорад, ҷонаш ҳам аз санг не. Моҳо ғаниматем.
    Боз шикоят. Ба падар чӣ рўй додааст? Ин қадар ғами он дунёро мехўрад. Ё тамоман аз ман ранҷидааст? Хиёл ҳазору як гумон мекард.
  • Биёед, бинед ҳунари куҳнайи моро. Ёд гиред. Хонда касбатон дигар ҳам шавад, аз ин зарар намебинед. Шояд ягон нафаратон ин дастгоҳу ин хонаро соҳибӣ мекунед.
    Мўйсафед бисёр мехост аз Хиёл ҳамин лаҳзаҳо як-ду сухан шунавад. Ў бигўяд, ки: «Ман ҳастам- ку, худам соҳибӣ мекунам». Вале Хиёл хомўш буду сархам менишаст. Ў нияти падарро ҳамон рўз пай бурда буд, мехост бо сухане ўро таскин диҳад. Наметавонист. Забонаш ба гуфтани ин гуна гапҳои калонворона намегашт. Ба падараш эҳтироми зиёд дошт. Пеши ў ҳеҷ гоҳ «маҳмадоногӣ»
    намекард.
    Усмон хокистари чубуқро такид. Тамокуи нав андохт.
    Парахаеро ба оташ дошт, параха оташ гирифт. Чубуқашро гиронд. Аз миёни дуд ба бачаҳо синча кард.
    Онҳо розӣ буданд. Устохона, бо оташдони аҷоибашу бо фарши хиштпўшаш, онҳоро мафтун гардонда буд. Бо ҳавас ба майда- чўйдаҳойи девор менигаристанд.
    Онҳо мебиёянд.
    Фақат Хиёл андешаманд буд. Ў одамонро ҳам медиду ҳам намедид.
  • Хиёл, якҷоя ягон чиз месозем- ҳа? Ҷўраҳот катӣ!
    Вақти холӣ ки ёфтед, дароед. Устохона қулф надорад.
пешина
аз 186
навбатӣ