Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Усто Усмон оташдонашро оқибат сохт...
Як бегоҳӣ, баъди ғуруби офтоб, Хиёлу ҳамсинфонаш чанги кўчаро ба осмон бардошта, аз саҳро меомаданд. Рў ба рўйи онҳо, дар сари кўча, падари Хиёл меистод. Чашмонаш механдиданд, ў аз ким- чӣ коре басо хурсанд буд

  • Хиёл, ҷўраҳота ба хона биёр.
    Хиёл ҳайрон шуд. Ба ҳамсинфонаш нигоҳ кард. Онҳо ҳам намедонистанд, ки бобойи Усмон чӣ ният дорад.
    Агар коре бошад вазнин, онҳо хастаанду гушна, то дам нагиранд, даст зада наметавонанд. Наход бобои Усмон...
  • Ҳа, Муҳаммадӣ, Имом, Салом, чӣ фикр кардед, дароед! Саъба, Сабо! Медонед- ку, усто шуморо фақат барои коре шуда ҷеғ намезанад. Дароед!
    Усто Усмон бачаҳоро ҷониби устохона бурд.
    Хиёл фаҳмид, ки оташдон тайёр шудааст. Ў ба тарафи хона рафт. Мўзаҳои вазнинашро аз пой кашид. Сари чоҳ рафт. Чоҳи Усмон водопровод барин аст, фақат дастайи калоне дорад, ки онро болою пойин кардан лозим, об худаш давида мебарояд ва қадди як банди даст мерезад. Хиёл дасту рўяшро шуст, пояшро ҳам ба ҳавзи хунуки зери водопровод тиққонд, хуб сабук шуд. Пас чойники нақшини гардандарозро пур аз об карда, ҷониби устохона бурд.
    Хиёл устохонаро нашинохт...
    Аз устохонайи пешина нишоне намеёфт, ба ҷуз асбобҳойи дуредгарӣ, даббоғӣ, ки ботартиб дар болойи камин, дар болои тахтае, чида шуда буданд ва сурати куҳнайи Сталин.
    Падар чироғро нагиронда буд, хонаро нури оташдон равшан мекард. Оташдони деворӣ басо зебо буд, дарунаш кундаалов месўхт, забонаҳои зарду кабуд дошт. Бачаҳо рў ба рўйи оташдон, дар болои дастгоҳу курсиҳову сандон, менишастанд ва моту мабҳут ба ин оташдони аҷиб ва забонаҳойи зебойи оташи фурўзон нигоҳ мекарданд.
    Хиёл чашм ба сандон дўхт. Пеш дар устохона сандон набуд. Падар нияте дорад ё кори наве сар мекунад?
    Дар болойи пештахтайи тиреза гандум сабз мешуд.
    Моҳи март буд ва Усмон баройи бачаҳо сумалак овард. Онҳо хушдил буданд ва ба оташу оташдон, ба сангҳои сурху дурахшони гирдогирди он нигариста завқ мебурданд ва сумалак мехўрданд.
пешина
аз 186
навбатӣ