Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оташ гиронед, шинед, гап- гап кунед. Асбобҳо дар ихтиёратон, сари чўбе гиред ҳам, зараре надорад.
Бачаҳо рафтанд.
Шаб мефуромад, ки ҳамроҳ торҳои маҳину борики боронро дошт, сабзайи рўйи гандум барин маҳину зич ва нўгтез буд. Усмон бўйи боронро шамид. Ба Хиёл гуфт, ки тирезаро кушояд. Борон ба рўйи гандумаки нешкашида об мепошид. Оташи оташдон ба рақс даромад.
Усмон, хомўшона, дар пеши оташ шуш об мекард. Хиёлро бозии оташ афсун мекард. Ў то хеле чашм аз оташдон баргирифта наметавонист. Забонаҳойи оташ мафтункунанда буданд. Хиёл дар бистараш дароз кашида, аз падараш чашм намеканд. Андешаҳо домангираш шуда буданд. Аз дил мегузаронид: “Рўзҳои охир бештар аз пирӣ ва ғанимат будани умр ҳарф мезанад. Дина дўсташ- раҳматии усто Хурсандро ёд кард. Эҳ, падар, падар! Чи марди неке ҳастию барои ҳама месўзӣ. Ҳатто барои усто Хурсанд, ки дар ҳама чиз нишони аҷалро медид ва аз он як умр гурехтан мехост.”

Ҳафтае аз ин пеш усто Хурсанд безобита буд. Сабил, ин дил одате дорад, ки ба ў ҳеҷ маъқул нест. Наздик омадани офату бадбахтиро пешакӣ ҳис мекунад..., вале хушбахтиро на. Ба хушбахтӣ боварӣ надорад. Хушбахтӣ агар аз таги бинияш гузарад ҳам, ба ў аз тарс нигоҳ намекунад. Мабодо зери он бадбахтие ниҳон бошад. Чунин андеша аз гўшайи ториктари дилаш мор барин хазида мебарояд. Ў ба изтироб меафтад. Ба дилаш хунукӣ медавад... Ба гумони ў шодии беҳад бахтро мепўсонад, хушбахтиро мегурезонад... Аз хушбахтӣ даргурез аст... Вале офату фалокат ва ҳодисаҳойи ногуворро ҳамеша чашмдор мебошад.

  • Фалокат аз таги пой мебарояд, - мегўянд аксари пирони Аспирингон,- ва вақте ки ҳодисайи нохуше ба сари касе аз аҳли деҳа омад ва боз илова мекунанд. – Баъди ин, албатта, хурсандӣ меояд. Агар гоҳ- гоҳе нохушӣ ба сари фарзанди инсон биёяд, боке не, мардум ба қадри хурсандӣ мерасанд.
    Вале фикри Усто Хурсанд дигар аст. Мардум пир шаванд ҳам, ба фаҳми дунё намерасанд. Аз рўзи бунёд фалокат бо одам ҳамроҳ аст, гоҳе дар ин сурату гоҳе дар он сурат бар сари ў рўзҳойи бад меоранд.
пешина
аз 186
навбатӣ