Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Дамдамайи субҳ буд; аз садои тир дакка хўрд. Овози тир гўё гирди сараш мечархид. Пас дарк намуд, ки оташфишонӣ дар ду канораи дарёст. Рўяшро амиқтар, дурусташ то гўшҳо дар об ғўта дод. Пахтаҳойи гўшаш тар шуданд ва гўшаш ношунав гашт. Тарс дар дилаш кора карда буд: нафас тангаш кард. Як ними рўяшро аз об боло намуд. Як чашму лабу гўшаи даҳон ба ҳаво гирифт.
Чашмаш бомдодро дид; боре тааҷҷубзадаву ҳайрон, вале хеле бедард, фоҷиаи субҳгонаро нигоҳ мекард. Дар киронайи чапи соҳил деҳае месўхт. Ва гурўҳе мурдаҳоро дар об меафганданд.
Вақте чашми дигарашро низ кушод, дид, ки дарё пури мурда асту ў дар миёни мурдаҳойи зиёд шино мекунад.
Сараш дар чизе зад, пеши чашмонаш пойҳои мурдаеро дид. Хост ребтар шавад, кўшише ҳам кард, вале дар паҳлуяш мурдайи духтаракеро дид. Ба рост нигоҳ кард:
пирамарде рў ба осмон мерафт.
Пас пайхас кард, ки дарё хеле гарон меравад ва сабукии пешинаро надорад; мавҷҳояш низ зери мурдаҳо монда ва гаронбор шуда. Мурдабор шуда.
Оташе баланд сўи дарё медавид; мошине оташ гирифта буд. Омад, зад ба дарё. Бо шасту садо ва чарсу чурси зиёд ба қаъри дарё рафт.
Аз сатҳи об ки нигоҳ мекард, ҳама беҷон, фаҷеътару азимтару баландтар менамуд ва бештари сапедаи уфуқ ва суроби деҳаи оташгирифтаро аз нигоҳи ў паноҳ мекард.
Ў кайҳо аз қаламрави шаҳр бурун омада буд. Вале ҳоло ҳам интиҳои сафари обияшро наметавонист аз пеш бибинад.
Рўз буд, соат тақрибан даҳи пешин, ки рўдхона ногаҳонӣ танг шуд ва онҳо дар тангное уфтоданд. Аҳли ғарқ рўйи ҳам ғарам мешуданд, мисли селовард дар сангу буттаи соҳил дармемонданд, гоҳе мераҳиданд.
Вён Шаранг мурдае, надонист зан буд ё мард, дар пушт. Мурдаҳо зери каш, ду кас буданд, се кас буданд, надонист, дар тангно рафт. Ва ногаҳон табақе бузургу гарону сангину гуруми ванҷӣ сахт болои сараш чаппагардон омад: ончунон ногаҳонӣ, ки натонист сарашро реб кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё