Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Ин бештар монанд аст,»- гуфту курсиро ҷамъ кард. Селофанро паҳн кушода, ба зери курсии тахтагин густурд.
Дарзҳои онро бо нўги утуи доғ часпондаву баста буд: он ҳаргиз рахна нахоҳад кард. Аз дилаш гузашт: «Агар тираш нарасад.» Пас бо ресмони маснуӣ сахт печонидаш. Сари ресмонро як гиреҳи кўр андохт.
Нахуст ҳар ду пояшро дар ҳалқаҳойи пойини курсӣ гузаронд, пас курсиро бардошт ва рўйи шикамаш ниҳод.
Хеле хуб буд; аз рўйи зонувон то манаҳаш мерасид. Дастонашро дар ҳалқаҳои фарохи ресмон кард ва ҳалқаҳоро то шона бурд. Курсиву бори курсӣ ба танаш часпиданд.
Аз ёбиши некаш болид. Хуб фикр карду он ду банди дарозро, ки ба қадри ангушташ хурд буданд ва идомаи ҳалқаҳо буданд ва аз пушташ дар ду бари пояш кашол буданд, баргирифт ва даври камараш бипечиду сари ресмонҳоро дар рўйи курсӣ ба рости шикамаш баста, сахт гиреҳ кард.
Хеле ҳаяҷон дошт, метапид. То ҷон ҳаст, изтироб аз тани одамӣ намеравад. Боэҳтиёт сангҳои киронайи дарёро палмосида, чанд санге пойин фуромад. Пояш ба дарё расид. Шаб оби дарё сард буд. Гуфт:

  • Кафшамро кашидам, хуб кардам ё нохуб? Пойлуч бештар ба ҷасади мурдаҳойи болои оби дарё монанд мешавам.
    Вақте фаро расида буд, ки ҳич гуна шакку шубҳа ўро дигар бознамедошт. Шубҳа дер расид. Ҷои андеша набуд.
    Ў худро ба ихтиёри дарё дод; хеле охиста, ки садое набарорад.
    Дар торикӣ ҳич наменамуд, вале чун як лаккаи тира дар об, ки ба ҳар рў як тирагии тобанда дошт, махсус буд.
    Мавҷҳо тунд буданд; мехестанд, мешиштанд, уштулум доштанд. Хуб рафт дигар дўсти мову шумо, ба торикиву лаккаи тариву шиновар андар об. Ин ҷо мавқеи сухану намоишу нигориш нест. Ҳамон торикиву дарёву марде танҳо андар об, ки рўйи курсӣ хоб рафта ва сар- сари мавҷ мерезад. Паноҳаш ба Худо! Парвардигор ноумедаш нагардонад!
пешина
аз 186
навбатӣ