Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Боз ҷанг, боз хун, боз куштор! Не, на ин асту на он.
    Мазҳаби исавӣ бигирад? Масеҳӣ шавад? Чӣ гуна? Ягон дин надошт, дар миёни се- чаҳор мазҳаб дармонда шудааст. Сахт ҷонаш дар танаш буд, ин корро накард.
  • Акнун, ки ишқи ин зан задасташ, мехоҳад муслим бошад, Мехоҳад пеши ин пиразан худро биандозад, то ў хатнааш кунад. Вале Худо ўро нигоҳ дорад, тезӣ мекард.
    Пас чӣ роҳе ёфтаанд? Вақте ў хост хатнашуда бошад.
  • Он пиразани асотириро ба ин далел оварданд. Ин корро фақат пиразан бикунад, ки умри ин дунёро дорад, ҷунун дорад, бехиёл аст. Он қадар пир аст, ки мардинаро ҳис намекунад. Агар бигўемаш, ин корро кунад, ҳич айбе надорад. Бар мо кардани ин кор нобахшиданиву гуноҳ аст.
    Бар сари пиразани одӣ равон карданд. Ў ҳарфҳояш бар лаб ворид шуд...

Не, аз ҳич кас ёд накард. Ҳич кас ба ёдаш назад. Ин кўшиш ҳама беҳуда аст, наметонад ба фаҳми зиндагӣ бирасад. Чаро ў бояд бимирад?
Дар ин дунё ҳадафе дошт. Хурду реза, орзуҳо, ҳавасҳо бисёр зодаву мурда буданд, вале муҳимтар чӣ буд?
Кораш? Нигоридан?! Нақш кардан?! Нигаристани зиндагӣ?! Охири охирон, ҳама аз нигоҳи ўст. Саранҷоми дунёи худро нақш бандондааст. Ва он дунё, он ҳисҳо, рангҳо дар синаи ўянд, бо ўянд. Не, дар он хонайи танг сурате аз ин чизҳост, ки ў бо худ дорад. Аз ин рўст, ки ў аз он корҳо, асарҳо, тақдири онҳо ҳич андеша намекунад, дилаш намесўзад. Пас чӣ буд он зиндагӣ, ки ў дошт!? Ба хотири чӣ буд? Оё ў дунёро мехост? Ин зиндагиро дўст медошт? Мехост тамоку даргиронад, фурсат надошт. Аз пурсидан нанг кард. Шояд пеш аз куштан сигарет бидиҳандам.
Наход ки дар ин ковишҳойи моҳияти зистани хеш ба ҷое нарасад? Андешааш сахт ангошта шуда буд, гарчи дигар мағзаш тавони идомайи кашмакаши зеҳниро надошт; андеша ҳанўз пўё буд. Ҳампурсӣ дошт бо хиради худ.
Ҳадаф чӣ буд?

пешина
аз 186
навбатӣ