Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зувайр баргашту гуфт:

  • Зиёвул! Насиҳатмон мекунӣ – ҳа! Моҳи маро доғдор мебинӣ– ҳу?! Механдим- аку?! Ҳу?!
    Зиёвул дасту поча шуд:
  • Э. Э, э, э! О ман чӣ гуфтам?! Мақсад, ки кўдакора ҷавоб бидиҳем, бираван хонаҳошон, ки дер ҳам шуд! Халос!…
    Зувайр бар ҳама ғазаб мекард. Равони Зиёбул банд шуд, дамаш банд шуд, забонаш гирифт. Зувайр бархост ва ба атроф нигоҳ кард. Шоми амиқ фаро расида буд.
    Ў бошитоб болои тали халтаҳо баромад, дар миёна истод, даст ба камараш зад, пойи росташ пеш уфтод, дасти чапаш дар тасмайи миёнаш андар рафт, фукаш сўйи моҳи хира, фарёд кард:
  • Нарооооод!
    Дунё аз ҳаракат монд, ҳама сокит шуданд ва гўш ба фарёди ў доданд:
    Ғурур чашмонашро барафрўхта буд, рўяш тира, мўяш хокистарӣ. Чашмонаш барқ заданд ба дурахши чашмони пишаки нар дар шабитор, фукашро боло гирифт ва дигарбора фарёд кард:
  • Офтоб ҳам доғ дорааад!!!
    Ҳама ба ҷонибе, ки офтоб ғуруб карда буд, нигоҳ карданд. Офтоб ки набуд! Рафта буд. Абрҳойи сўхтаву хастаи дудолуд дар уфуқ пароканда мешуданд. Ба ҳар рў мардум шиори Зувайри «народ»-ро пазируфтанд. Баргаштанд сўйи ў ва мунтазири фармони дигараш истоданд.
    Ў нафаси амиқ кашид, зери нофаш қабзаш кард, пас, бо фарёди дигаре раҳ аз гулў кушоду раҳояш дод:
  • Нарооооод! Лооош!
    Яке мардумро «лош» дод, ҷавобшон дод, амре мисли «Волно!»- и аскарӣ додшон, ки биҷунбанд, ялла шаванд, пароканда шаванд…
    Бачаҳо ба назди хари сафед омаданд: дар тани ў ҳеҷ осоре аз хун набуд, надиданд. Пўсти модинаи сафед мисли пахта сап- сафед буд ва изи пошнаи мўза нақши рўйи коғаз воре метобид. Онҳо бори нахуст ҳалокати ҳайвонро бо зарби лагад диданд: даҳшат дошт ин манзара; хари хомўши модинаи сафед дили онҳоро сахт озурда ва ба изтироб оварда буд.
    Ман дигар сарам зер уфтода буд, аз барги хушки пахта сар барнамегирифтам. Фикр мекардам, ки Зувайр бо чӣ ният модинаи сафедро кушт. Ва чаро гуфт, ки «офтоб ҳам доғ дорад!» Дар диди ман доғҳои офтоб мисли ҷанини одам дар батни модар метобиданд.
    Сайкор ҳам дар канори ҷўй падидор шуд. Чути дасташ поёну боло мерафт, меҷаст; ў ба шитоб меомад ва нафасак мезад. Чанд духтари болиғ низ синаҳошонро ба банди даст мадоро карда, аз пушти ў медавиданд! Мардум безобита шуда, аз сари ҷўй ба поён хамбиданд.
  • Сафияро дард гирифтааст! – гуфт Сайкор.
    Духтарон шармида, рўяшонро, даҳонашонро бо лаби остин пўшиданд ва нигоҳашонро ба зер андохтанд. Бобонаҷво «товба» гуфт. Ҷувонмардҳо якдигарро нигоҳ карданд.
    Ҷасади хари сафед дам меовард. Шикамаш медамиду варам мекард.
    Аҷаб тақдире дорад ин ҳайвон! Ин махлуқи беҳуқуқи берўзӣ дар дами пирӣ, вақте ки корношоям аст. Аз дар меронандаш, гоҳе ки аз деҳа берунаш мекунанд, то хеле сабр мекунад, ба соҳиби дуршудааш маломатомез назар меафканад, пас, гўё ба тақдир тан медиҳад, меравад, ба харгала ҳамроҳ мешавад. Гаҳе ки ёди оғилу хона, соҳиби бешафқаташ ва ёди фарзандони ў мекунад, аз чашмонаш об мерезад, вале овозе намебарорад! Аҷаб хомўш аст ин ҳайвон, ҳанг намезанад, магарам модина набошад, танҳо аз чашмонаш об меояд, дигар хомўш аст ин ҳайвони махлуқи Худо…
    Ман дуртар аз ҷасади ин хари модаи сафед рафтам ва ба андеша нишастам, ки чӣ кораш кунам? Шаб бо белу каланд биёем…
пешина
аз 186