Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданПойҳои ақибашро ба тагаш гирифт ва ба шикам зад. Пас пову дасташро аз тагаш раҳонида, дарозашон намуд. Қассоб ва он чанд ҷавонмард гулўгирак шуданд. Онеш, ки риш дошт ва яктаки дошт, гиребонашро гирифт.
- Сиву панҷ сол шуд, ки қассобӣ мекунам, вале бори аввал мебинам ин ходисаро. Э, қандта бизан, ҷонваре!
Набандедаш! Ў ризо аст, ба ризояти худаш сартахтагӣ мешавад. Халила дўст медоштааст,- гуфт ва сари як зону нишасту гардани гов ва шонаи болои вайро молида гирён шуд.
Ду кас пеши пойҳои гов ва ду каси дигар пеши дастҳояш истоданд. Хам шуданду болои дасту пояш нишастанд. Гов сабзаи наврўстаи пеши фукашро забон дароз карду гирифт.
Даҳон ва чашмонашро маҳкам кард Қассоб кордро ба даст гирифта, дасташро ба бинии гов бурд. Пеши чашмони гов равшан шуд. Шир барин. Шир пеши чашмонаш омада буд. Шири сафед дар сатил не, дар лаби кўдаке. Кўдаке шир мемакид, пистони модар дар даҳонаш. Аз қошуқи лабони кўдак шир ҷўш зада баромад ва ба рўи синааш рехт, манаҳаш дар шир тар шуд. Як гўсолае пеши чашмони модагови пир дамид, давиду гузашт. Модагов гўё хоб медид. Дар хобаш Ҳидоятулло бо қомати паҳлавононааш коҳилона мерақсид. Чашмонаш пўшидаву абрўвони сафеду сиёҳи ҳалқааш, ҳо, онҳо ҳалқаҳалқа буданд, боло рафта. Ў ба касе нигоҳ накарда мерақсид, дастонаш- дастони бузургаш хеле калон буданд, онҳо парешон қаноти кадом симурғи афсонавӣ барин. Ҳо, Ҳидоятуллои хўҷаинаш гўё дар афсона мерақсид. Шохсорон, шохаҳои чинор, шохаҳои тути навбарг, шохаҳои пургули зардолу ногаҳон пур аз мурғакон шуданд, гўши гов ғуввас мекард. Хун ба сараш мезад. Халил аз миёни шохаҳо ва анбўҳи шохаҳои сафеди абрмонанд бо чашмони хандон ба ў нигоҳ мекард.
Корд ба маки пиргов расид. Дар як лаҳза макро зад.
Гов ҳаракате накард. Танҳо ҳангоми ба ҷои мегузаштагии торҳои асаб- решаи устухони гардан расидани корд як по кашиду ларзид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё