Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Аҳмақи гов!- пўписа кард ўро тағои Махсум. Овозашро танҳо худи Ҳидоятулло мешунид. – Ин гапро пеш аз тобутро аз ҳавлӣ баровардан мегўянд. Мурдаро нашуста, чӣ дағдаға мекунӣ, пул ба мардум нишон медиҳӣ?!
  • Ҳа, тағоӣ, гапи нодуруст гуфтам? Худам ҳам намедонам, ки чи аз даҳонам мебарояд. Хайр, як шўхӣ барин гап ин ҳам.
  • Бас кун! Худатро ба даст бигир. Охир, ту мардакӣ!
    Шукр кун, инаш рафт, чанд бачаву духтари дигарат мондааст, ба ҷони онҳо шукр кун!
    Пирамард ба пеши чанор, ки дар поёнтари он гилему кўрпача густурда буданд, баргашт. Одамони камқуввату нотавонро, ҳамин ки аз дар медаромаданд, ба болои ҳамон кўрпачаҳо мегузорониданд. «Зеби мурдан ман доштам, лекин маро намегирад ин Худои бераҳм!»- мегуфт ў зери лаб. Ба ҳеҷ кас намегуфт, худ ба худ харф мезад Гапашро касе намефаҳмид. Танҳо Ҳидоятулло ўро мефаҳмид. Ва хомўш гашт.
    Гов аз таги дарахти шукуфони шафтолу мегузашт.
    Шохаҳои пастаки шафтолу сесола ба шохи гов бархўрданд ва гулҳояш рехт ба сару гардани гов. Шонаҳояш сафеду гулобӣ ба самти поёни ҳота мерафт. Қассоб ўро намекашид. Он чанд ҷавонмарди дигар, ки аз дунболаш меомаданд ва он чанди дигар, ки сари чуқурчаи бехи зардолу истода буданд ва расидани қассобу говро мунтазир буданд, тамкину сабри аҷиб ва гарданхамии говро бо ҳайрат мушоҳида ва муоина мекарданд.
    Гов ба сари чуқурча расид. Ҷои ҳамешагии говкушии ин хонадон. Сад сол шуд ё зиёдтар, моли калону хурдро дар ҳамин ҷо сар мезананд, чуқурича ҳамон чуқуричае буд, ки то ин вақт низ даҳҳо бор канда шудаву инак, бори, намудонам, чандумин бошад, аз нав боз карда будандаш. Аз ин ҷо бўи хун меомад. Дили гов рамид. Як сустии мағшуше дар пояш давид, вале зуд ба худ омад. Хоки ин ҷо аз дигар ҷойҳо фрқ мекард: ҷигарии тира ва ҳатто баъзе пораҳои он нами сиёҳ низ дошт.
    Гов сарашро тоб дод. Ба дарахтҳо ва шукуфаҳои гулобии болои сараш нигоҳе кўтаҳ андохт ва бе он ки говкушҳо ҳаракате карда бошанд, ба зону зад.
пешина
аз 186
навбатӣ