Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Арўс»-аш мегуфтанду бас. Ҳоло ў гиряро ёд нагирифта буд. Наметавонист «хонамой» бигўяд, ҳо, ёд нагирифта буд. Ин занакҳо солҳои дароз хонадор буданд, фарзанд калон кардаанд, фарзанд гўронидаанд. Овозашон пухтааст, маҳину равон мегирянд, ба оҳанге навҳа мекунанд, ки ба ҷигарҳо мешинад, ҷигарро, дилро мешикофад. Суханонашон низ ба равиши гиряашон, гўё суруди мотамӣ мехонанд. Арўс нуздаҳунимсола аст. Ў дастонашро ба торбанди симини болои сараш ниҳода, бо як ҳолати тараҳҳумоваре худро овезон кардаасту пешу қафо меравад, гўё дастонаш дар торбанд баста шуда буданд. Ҳомила аст. Фарзанди дувум дар қаддаш. Ҳайрон аст. Бо шигифтӣ чашм ба чашмони модагов мениҳад ва ногаҳонӣ, ғайриихтиёр, нобаҳангом, фиғоне аз дилаш мебарояд. Мардҳо якбора ба тарафи ў нигоҳ карданд Хеле вақте нагузашта буд, ки онҳо мегуфтанд: бечора азоб мекашад, дарун медарояд, то ки бигиряду андаке сабук шавад Ва, инак, арўс ногаҳонӣ, бехабар аз худ, фиғон баровард. Фиғони ў ҷонхарош буд, овози гиряи занони даруни хонаро пахш кард. Хеле дурушт менамуд дар назари ў гиряаш. Не, хеле қабеҳ менамуд. Ў аз ҳавлӣ ба ҷониби хона давид. На ба он хонае, ки занон мурдаро давраро карда буданд. Ба анҷомхона, ба он ҷое, ки гандум ва либосҳои куҳнаву наву берун аз истифодаро анҷом мекарданд, даромад ва худро ба ғарами кўрпаҳо, ки кадоме аз саросемагӣ ва шитобзадагӣ аз рўи сандуқ чаппа карда будандшон, партофт. Дастонашро мегазид.
Арўс ин говро баъди як ҳафтаи ба ин хона по ниҳоданаш дўшида буд. Баъд, дигар ҳар рўзу ҳар шом дасти ў дар чочи ин гов буд. Халил бо ҳар баҳона дар гирду пеши ҷои говдўшӣ мегашт. Навхона буданд. Шўхии домоду арўсиашон то имрўз давом мекард. Халил бели чўбин- курчакро мегирифту пеши оғил меомад. Ҳар вакте ки арўс азми говдўшӣ менамуд, Халил ҳам оғилрўб мегашт. Ба ёди модагови пир расид, ки аксари вақт, шомгоҳон, арўс аз як паҳлуяш хорумол мекарду Халил аз паҳлуи дигараш. Гоҳе дастонашон ба ҳам мепечиданд. Ва зуд аз ҳам ҷудо мешуданд. Ҳо, онҳо ҳамдигарро дўст медоштанд, дўстдориашон беохир буд.

пешина
аз 186
навбатӣ