Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Асп ва ҷавон дар тори асп аз тангкўчаи пеши оғил ва сипас аз тангкўчаи пушти масҷиди партовӣ мегузаранд.
Одамон бо ҳавас ба ҷавон менигаранд.
Ў дар болои асп шоҳона нишастааст.
Ҳаво абр, борон мерезад. Ҳавои Далатшоҳиён абр асту борон меборад. Мошин дар роҳҳои пурпечутоби болои Оби Ширин боло мебарояд. Гоҳ пайдо мешаваду гоҳ аз назар ниҳон мегардад.
Ҷавон ба маркази район шир мебарад. Ў дар паҳлуи ронанда нишастааст.
Район, маркази район. Хонаи пастак дар оғози шаҳрак ва сипас ду бинои дуошёна аз пеш намудор мегардад.
Мошин дар кўчаҳои шаҳрак, дар миёни хонаҳои баланду паст дар ҳаракат аст.
Пункти ширгирӣ. Онҳо ширро месупоранд.
Ду мошин. Яке зарду дигаре хокистарӣ ва дар паҳлуи дамидаи мошини хокистарӣ «Шир» навишта шудааст.
Мошини нав аст он.
- Дар ҳамон мошине мешинам, ки нав ҳаст,- мегўяд ҷавон ва дар паҳлуи ронандаи мошини хокистарӣ мешинад.
Мошинҳо аз нав дартоз мешаванд. Мошини нав пешопеш ва мошини куҳна аз қафо ҳаракат доранд. Оромӣ.
Ронандаи мошини куҳна суруд мехонад. Аз назди садае мегузаранд. Мошини куҳна майли гузаштан дорад.
Суръаташ батадриҷ меафзояд.
Баъдтар аз мошини нав мегузарад. Дар хами деҳаи Девона нопадид мешавад.
Хамгашти танге.
Мошини нав суръати баланд дорад.
- Худта парто, ки мошин рафт!- хитоб мекунад ронанда.
Ҷавон бо чашми пурҳайрат ба ронанда менигарад, вале худро аз мошин намепартояд.
Мошин бо қафо, ба дара, меравад. Фукаш дар осмон лаҳзае меистад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё