Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ба гўшаи чашм ба писарак нигоҳ мекунад. Нигоҳаш маъние дорад. Андаке шармгин аст. Шармида лаби докаашро мемолад.
Модари ҷавон ба занаки ҳамсоя дар кадом борае гуфтугў дорад. Хеле бодиққат ба суханони ҳамсоя гўш медиҳад.
Саг ба ҷониби касе нигариста меҷакад. Саг хашмгин аст. Марди бегонае аз ҳамин роҳ мегузарад.
Модари писарак сагро бо ниҳеб наздики худ мехонад:
- А- саг! Бра хона! Хона бра, мегум!
Саг дум ликонда ба хона медарояд. Оҳиста, то ба таги дарвоза мераваду дастонашро зери фукаш ниҳода, ба тарафи роҳ чашм медўзад. Чашмонаш нимвоянд.
Хурўс дар атрофи ў, дар сояи дарвоза ва дар зери чинор дон меҷўяд.
Гурба аз боми нонхона ба дарахт мебарояд, парандагон аз шохи дарахт мепаранд ва ба тори сим менишинанд.
Гурба аз миёни ду шохаи дарахт ба онҳо нигоҳ мекунад ва забон бароварда, лабонашро мелесад.
Кўдакон- Эраҷу Фаррух аз поён ба гурба ишора намуда фарёд мекунанд: - Пиш- пиш! Пиш- пиш!
Эраҷ сангеро гирифта, ба ҷониби гурба ҳаво медиҳад.
Санг ба боми нонхона меафтад.
Кўдакон ба якдигар дармеафтанд, гўштин мегиранд.
Гўштингирии онҳо ба афту дарафт мепечад.
Модари ҷавон аз назди занаки ҳамсоя ба тарафи онҳо медавад ва онҳоро ба ситеза аз ҳамдигар ҷудо менамояд.
Занаки ҳамсоя механдад. Як дандонаш- дандони пешаш ғалтидааст. Вақте модари ҷавон ба тарафи вай мегардад, ў даҳонашро бо латтаи сараш панаҳ мекунад.
Тўйи арўсӣ. Модари ҷавон рақс дорад. Ў остин афшонда,
дастак зада мерақсад. Ҷавонмардон падари ҷавонро ба рақс
мекашанд. Ў ба миёни давра медарояд. Дастонашро паҳн
мекунад. Ангуштони дасти чапаш буридаанд. Андеша ва
шодӣ бо ҳам омехта. Як ҳолати аҷибе, гўё аз тўй хурсанд нест, вале рақс мекунад: рақси мардона, тоҷикона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё