Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Каллаи калоне дорад. Буруташ гард гирифтааст. Куртааш дар миёни ду шонааш арақ карда, шўра бастааст. Досаш гоҳо дар санг мезанад ва садое ҷарангосӣ мебарорад. Гоҳе дар нури офтоб медурахшад. Одамон рафтуо доранд. Аз назди гараж мегузаранд, ба дари гараж наздик мешаванд. Ўро садо мекунанд. Таъмиргару челонгарон машғули кор.
Ҳидоят дар қаровулхона. Одамон назди ў нишастаанд:
чой менўшанд ва нақли ўро мешунаванд. Ў аҷиб нақл мекунад. Худ намехандад, дигарон механданд.
- Чакмани танам бофтаи қаротегинӣ буд. Чакмани қаротегинӣ буд. Лаби доманашро ки меқапидӣ, оби борон ҷамъ мешуду ҷамъ мешуд. Худат ҳам мехўрдӣ, сер мешудӣ, аспатро ҳам об медодӣ, сероб мешуд. Ҳо, чакмани хуб буд, як чакра обро намегузаронд. Ана, дар ҳамин ҷо чакманро ба онҳо додам. Бурданд, ба саҳна баромаданд, ҷои якумро гирифтанд. Як мўкии панҷоҳу ҳашткўка доштам. Мўкиҳо чилуҳашткўка мешаванд. Ин мўкии ман панҷоҳу ду кўк дошт, паси по бахяҳои чармӣ дошт. Мўкиро ҳам додам, дар музейи мактаб. Як ҷомаи хуби беқасаб доштам. Дар танаи шаҳҳои деҳа тика шуд. Ҷомаи домодии худам буд, онро наёфтам, ки ба ҳаваскорон бидиҳам. Ҳа!
Як дасташ дар футаи миёнаш буд, дасти дигараш дар пеши рў. Онро ба футаи миёнаш андармон кард. Бе ишораи даст ҳикоят мекард. Танҳо сараш андаке хам мехўрд. Ҳама нозукии нақли ў дар оҳанги гуфтораш, дар нигоҳаш, дар ҳолати ў ва дар ваҷоҳаташ буд. Хеле ором ҳикоят мекард.
Мошин метозад. Дар кабин писари Ҳидоят. Ҳамон ҷавон.
Духтараке борику баланд дар сари роҳи мошин истодааст, дар дасташ сатили шир.
Вақти саҳар аст. Сафеддорон сояи худро дар қадди раҳ дароз андохтаанд. Мошин сояи сафедоронро буридабурида мегузарад. Мошин ба назди духтарак меояд. Духтарак сатили ширро ба даст мегирад. Мошин меистад. Аз кабини мошин ҷавон мефурояд, рухсораҳои духтарак лолагун аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё