Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Дуртар аз ҷавонон, дар миёнаи давра, наврасону мардони калон, ду тифлаки урён таги трусӣ дар сари табақи пургўште нишаста буданд, гўшт мехўрданд: Эраҷу Фаррух. Занбуре дар болои сари онҳо парвоз мекард. Ногаҳон дар миёни хандаи мардон овози гиряи Эраҷ баланд шуд. Ў чаҳорсола аст, аз гиристан ҳоло шарм намедорад. Ўро занбўр газида буд.
- Чӣ кор кардӣ?- пурсид ўро касе аз ҷавонон.
- Занбўр газидаш,- гуфт Фаррух, ки аз ў хурд буд.
Эрач ангушташро медошту мегирист. Фаррух механдид. - Куҷота газид?! –пурсид падараш- Шамс, ки аз хонаи поён меомад.
Эраҷ лелаки хурдашро нишон дод. - Не, ота, дурўғ мега, чукашро газид.
Ҳама хандиданд.
Кўдакон дар рўи замин нишаста буданд. Трусиҳояшон чити пешонакушода. Трусии Эраҷ кафида буд. Чукаш аз он баромада.
Мошини шир дар кўчаҳои Давлатшоҳиён медавад. Дар кабин ҷавон нишастааст. Либоси сарбозиро кашида.
Куртаи остинкўтоҳ дорад. Сари луч.
Кампирон дар сари роҳ, духтарон ба маҳзи пайдо шудани мошин мешукуфанд, пештар аз дугонаҳояшон мегузаранду сатилҳои шири навдўшидаро пеш мениҳанд, то чашми ҷавон аввал ба онҳо биафтад.
Кампирон докаҳои сарашонро гирди даҳанашон печонида, ба омадани мошин интизор мешаванд. Чанги роҳ боло мешавад. Мошин аз гардиши роҳ, аз бехи чинори калони дигаре, ки дар сари гардиши деҳаи Чинсион қад кашидааст, намудор мешавад.
Гаражи совхоз. Ҳидоят посбони гараж аст. Ў ҳоло алафи хушкидаи гаражро медаравад. Гаражро мошинсаро гуфтан ҷоиз аст. Он ҷо мошину трактор ва бисёре аз техникаи зироату кишт ва ҳоказо нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳидоят дар сар ҳамон латтаи сафедчаро бастааст. Ба тану туш аст ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё