Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рафту банди эзорашро кушод. Ва хам шуду сари по дар лаби ҷўйбор нишаст. Дасташро, дасти чапашро, ба об бурд, як каф об гирифту ба байни пойҳояш зад. Ҳидоят кулўлаи чормағзро дар чиллаи камонғулак ҷой кард. Мўрӣ ба қадре кушода буд, ки ҳама амали эшонро баҳузур ба мушоҳида гирифтан мумкин буд. Ҳидоят х.. и эшонро ба нишон гирифт ва зеҳи камонғулакро кашид. Тир рост дар адли х.. и эшон зад ва эшон «воҳ!» гуфту саракӣ дар даруни ҷўйбор афтод. Ҳидояту Ҷамшед гурехтанд.
Зани эшон гарду рўи суфаро меруфт. Ногаҳон дид, ки об аз таҳоратхона сўйи хона медавад. «Кадом ҷувонимарг обро ламба андохтааст!»- гўён ба тарафи таҳоратхона рафт.
Рафту шах шуд. Дигар аз дари таҳоратхона на пас мерафту на пеш. Эшон дар таҳоратхона ба шикам дар ҷўйбор хобида буд.
Об ламба хўрда, аз лаби ҷўйбор медавид ба тарафи ҳавлӣ. Эшон паст- паст нолиш мекард.
Зани эшон мардакашро базўр аз ҷўйбор баровард.

  • Дар таги шонаи писарам як хоккуши хушк бикашед, нам нагирад, – мегуфт модари Халқуллоҳ, вақте ки ўро аз дарвоза мебароварданд.
    Ў аз дилсўзии одамон метарсид. Аз ин рў, пеши одаме аз як лаҳзаи кўтоҳ ё бештар намеистод, саломуалайк мекарду мегузашт. Бештари одамон вақти таъзия хомўшанд; хомўшӣ дар вақти ҳодисаи нохўш хубтарин дилтиҳӣ аст. Ҳама гуна сухан дар ин лаҳзаҳо дурушту ночаспон ва сахту ғашовар менамоянд. Ё даст ба дасти азодор медиҳанд, агар шахси хеле наздик бошаду аз роҳи дур омада, ўро ба оғўш мегирад ва ба оҳистаги даст ба шонаҳояш мемонад; бештари бештар даст ба сари шонаи одами азодор мениҳанд.
    «Дилатон танг нашавад» ё «Дилатон ганда нашавад»
    мегўянд мардуми шимол. Ин ҳам бад нест, вале барои сокинони қисми ҷанубии Тоҷикистон ин гуна гуфтани таъзия ва изҳори эҳсоси худ аз ҷиҳати ин воқеа чандон қабул нашудааст. Хомўшӣ афзалтар аз ҳама гапҳои қолабӣ аст.
    Занҳо гапи дигаранд. Онҳо рўйи мурда овоз меандозанд.
пешина
аз 186
навбатӣ