Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва маҳзи ин ки аз дар медароянд ва чашмашон ба соҳиби мурда бармехўрад, овоз меандозанд ва навҳа мекунанд. Хеле аҷиб аст, ки ҳар кадоме дардҳои худро, мурдаҳои худро, агар хоҳараш буд ё бародараш, ё модараш, ё барои кадом каси дигаре аз наздиконаш, ёд мекунанд, сифатҳои ўро якяк тавсиф месозанд ва ин бо навбат мешавад. Касе дар миёни навҳаи дигаре марсияи хешовандони худро шурўъ намекунад. Сари овози ҳамдигарро мегиранд ва гиря идома меёбад. Шахси дигаре ба маҳзи ин ки навҳаи ҳамроҳаш ба поён расид, аз ғаму дарди худ навҳа оғоз мекунад. Дар як мурдахона аз аксари шахсоне, ки аз ин дунё рафтаанд, аз дарду алами наздикони ў, аз мушкилоте, ки баъди гузаштани ў дар он авлод ё оила ба вуҷуд омадааст, хабардор мешавӣ.
«Ту рафтиву надидӣ, ки фарзандонат чи одамони хубу бадавлат шуданд, ғамашонро мехўрдӣ, зиқ мешудиву фикр мекардӣ, ки чӣ одамоне мешуда бошанд»! Ё ки мегўянд: «Ту будӣ, ки мо дар ин хона обрў доштем, ту рафтиву мо хор шудем! На духтар пешам меояд, на писар парвои ма дорад, на касе ба дарамон меояд, на касе аз ҳоламон мепурсад! Ту будӣ, хона пуродам буд, пойи одамӣ аз хоку дарамон канда набуд! Мегуфтам, ки мардаки ҷўрабоз дорам, на шаб ором дорам, на рўз, на дар хоб осудаам, на дар бедорӣ! Ку дигар ў хандаҳот, ку дигар ў шўхиҳот, ку дигар ў ҷўраҳот, ку дигар ў хонаи серодами пурмеҳмони як мудом чароғи гирён доштаамон! Хонаме, хонаме, хонаме, хонам!»
Ин овози кампири Сайлӣ буд; овози ў нарм буд. Гови пир овози ўро мешинохт; овози ў ба гови пир шинос буд.
Шомгоҳон ба хонаи онҳо медаромад. Эҳ, имрўз ўро ба пода сар надоданд. Фаромўш карда бошандаш, ғами калон. Не! Не! Фаромўши куҷо? Ин ҷо агар соҳиби хона фаромўшат кунад ҳам, ҳамсоя ба ёдаш мерасонад. Ҳа, ҳамсоя фаромўш намекунад. Пас тақдири ў ҳал шудагӣ.
Ўро сартахтагӣ мекунанд. Гови пир хеле аз дари бози оғил ба саҳни ҳавлӣ нигоҳ кард: саҳни ҳавлӣ хеле баланд буд; ҳавлии пеши хона дар рў ба рўйи айвон чанд зинаи бетонӣ дошт, ҳафт зина, гоҳ- гоҳе гови пир майли ҳавлии баланд мекунад ва меравад аз ин зинаҳо ба боло. Пас имрўз умри ў ба охир мерасад. Гови пир бо соиқаи ҳайвониаш ин ҳақиқатро ошкор кард.

пешина
аз 186
навбатӣ