Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АЗ САРГУЗАШТҲОИ ҲИДОЯТ
Қиссаи нотамом

Таҳоратхонаи эшон дар болои ҷўйбор ҷойгир буд. Ў панҷ вақт ба он ҷо медаромад.
Ҳидоят ва Ҷамшед дар поён, дар ҳамин зери тут, нишаста буданд. Аз бекорӣ гаранг, хаста; чи қадаре ба ҳам нигоҳ кунанд, чи қадар гапҳое бизананд, ҳамаро гуфтаанд, дигар гапи нав намондааст. Коре барои худ бояд пайдо кунанд.
Камонғулак дар пеши пояшон, сангҳо дар халтаи бари камарашон. Ҷамшед ду- се қурут дар киса дорад. Ҳидоят чизеро аз хона гирифта натавонист, андаке аз хоб дер бедор шуд. Модараш аллакай говдўширо тамом карда буд. Даст аз синаи гов канда буд ва аз молхонаи паҳлуи дарвоза мебаромад. Ҳидоят ба сараш кўрпа кашид. Либосашро зери кўрпа мепўшид. Ба ҳазор эҳтиёт, вале аз чашми модараш ҷунбуҷули ў дар зери кўрпа пинҳон намонда буд.

  • Чӣ дард дорӣ, мембурӣ!- пурсид аз ў модараш.
    Барои кори динарўзааш ҳоло ҷазо нагирифта буд. Шаб торик шудан баъд ба хона даромад. Дар шаб, дар торикӣ намезаданд. «Шаб задан сиёҳӣ дорад,»- гўён ўро намезаданд. Акнун вақти ҷазо расида буд. Ў лаҳзае беҳаракат монд. «Мезада бошад ё не? Мегурезам. Ё дер шуда бошад?» Ў дар таги кўрпа метапид.
    Оҳиста аз таги кўрпа нигоҳ кард. Модараш лаҳзае хомўш шуда буд. «Ҳа, ширро ба чахт меовезад. Дар таги равзана, дар поёни сутун, химча дорад.» Ҳидоят хесту гурехт. Куртаашро аз болои сараш гирифта тавонисту халос. Ғўлак дар шохи зардолу буд, зардолу дар пеши дарвоза. Ў ғўлакро гирифт ва башаст, мисли оҳў, аз дарвозаи боз парид. Ҳо, акнун гушнагӣ ҳам оҳиста- оҳиста аз шикамаш ба пойҳо мефуромад. Ҳолӣ, як дам пас, ба шикори парандаҳо мебароянд, ки дами дигар қасосашонро аз эшон бигиранд. Баъди чанд лаҳза эшон ба таҳоратхона медарояд. Аз обмўрии бехи девор нигоҳ мекарданд. Эшон сулфакунон аз хона баромад. Футааш дар сари шонааш, бе салла, бе ҷома буд, куртаи дарози сони сафед то ба болои зонувонаш мефаромад.
пешина
аз 186
навбатӣ