Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Мана, боз панҷоҳ сўми дигар, бигиру баромада бирав.
- Куҷо равам?
- Куҷое хоҳӣ.
- Барои чӣ?
- Гўё намедонӣ?
- Хайр, чӣ гуноҳ кардам?
- Обрў гирифтем, писарам.
Модар хомўш буд; на ҷониби писар менигарист, на ҷониби ҳамсараш. Хиёл ашк ба ҳам намерехт. Хомўшии модар фоли нек буд. «Онҳо ягон маслиҳате кардаанд, ин қадар дилпур аст,»- аз фикр гузаронид Хиёл ва ба хонаи хоб гузашт.
Дер гоҳ хоб карда натавонист. Чашмонаш боз буданд.
Баъд, субҳидам, хобаш омад. Хоби гароне буд:
Торикии сип- сиёҳ нури моҳи пурраро макида гирифтааст. Онҳо, ду нафар, дар либоси сафед ба истиқболи ҳамдигар мебароянд. Остинҳо ба сурати боли кабўтаранд. Домани пироҳани сафеди зебо дароз асту дар рўи замин ҳарири тунуки сафед тарки бадани сафедаш менамояд. Онҳо ба ҳам наздик мешаванд. Дасти ҳамдигар мегиранд. - О, кабўтари сафед, – мегўяд Хиёл.
- О, кабўтари сафед,- мегўяд Сабо.
- Майли куҷо дорӣ?- мепурсад Хиёл.
- Майли осмон,- мегўяд Сабо.
- Дасти маро бигир,- мегўяд Хиёл.
- Паридем!- мегўяд Сабо.
Даст ба даст мешаванд ва сўи осмон парвоз мекунанд.
Аз осмон ба замин назар меафкананд: аспи сурхи бузург плуги сафедеро дар замини сиёҳ мекашад; ёлу думаш овезон, аз бадани сафедаш кафки сафед мерезад, аз параки бинияш дуд мебарояд, чашмонаш пеши пояшро равшан мекунанд Позаҳои плуг тафсида сурх шудаанд. Аз думи плуг хатти сафеде менамояд, ки охир надорад. Онҳо паст мефуроянд ва ба нўги плуг менишинанд. Позаҳо аз ҳад чуқур ба замин мехаланд; он сафедиҳо устухони заминанд. Позаҳо чанд қабати заминро чаппа мегардонанд.
Онҳо дар қабати замин ҷуфти кабўтаронро мебинанд, ки даст ба даст хобидаанд, ҷуфтеро ҳалқа ба гардан аст, ҷуфтеро пой дар занҷир аст, ҷуфтеро тири пайкон аз дилашон гузашта, ҷуфтеро бо санг зада куштаанду ҷуфтеро пой дар гил мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё