Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Бовар кард, ки касе ба ў кор нахоҳад гирифт. Боз аз лона берун омад; харобу хаставу беҳол. Хост ба идора биравад, шояд кор имрўз шуда бошад. Дар идора ду нафарро нишаста дид: яке дарбон, яке ҳам райис.
Дигарон ҳанўз аз хонаҳошон набаромада буданд. Аз соати даҳ то соати дувоздаҳуним дар пушти мизи худ нишаст, бемақсад, бекор ва пасон роҳи хонаашро пеш гирифт. Дар роҳ касеро аз шиносонаш надид. Дарахтон, хонаҳойи дарбаста, кўчаҳойи холӣ ва мошинҳойи берақами даршитоб, ки мили камонҳо аз тирезаҳояшон намоишкорона ҳадаф мекофтанд. Шубҳа дар доманаш буд, тарс дигарбора дар қалбаш ҷо гирифт. Ангор касе дар паяш буд.
Рў баргардонад ва дунболашро бибинад? Ҳирак надошт.
Дар зинаҳойи хонааш пайи поро дид; пайи пойи бешумор. Ҳамчунон пойи бешумор. Ҳамчунин ғавғо аз боло меомад. Дилаш таҳ хўрд, ақибнишинӣ кард, тоб хўрда буд ва пойин мегурехт. Овози шодиовари кўдакони хандон аз ғалоғулаву ҳаяҷони боло ҷудо шуд. Ў бозистод. Гўш ниҳод.
Овози занеро низ шунид. Ҳич хавфе наметонад ин ҷо дар камини ў бошад. Баргашт, оҳиста боло рафт. Боз ҳам омодагии ҳар лаҳза гурехтанро дар ҷисми афсурдааш маҳфуз дошта буд. Ҳама дарҳо баста ва кўр буданд. Вақте ба ошёнаи худ расид, чашмаш яла монд: дари хонааш шикаставу боз буд, кўдакони бисёре, ношуставу куҳнапўш, дар долони хонайи ў якдигарро кўфта- кўфта ба бозӣ мекашиданд. Ин лаҳзае буд, ки дунё дар назараш бадтарин ҷое шуд ва хеле ҳам танг намуд. Ва ин ҷо буд, ки фаҳмид, хеле ба дерӣ фаҳмид: ҳама он шуҳрату комгорӣ, ки баъди тавлид дар ин асри пуршарру шўр ва дунёи фонӣ насибаш гардид, камарзишу кўтаҳ буда, ба оҳи сарду чашмони гўсфанди пири гурезони гургдида баробар намешаванд. Дар остонайи хонааш бечораву ҳақир по мезад ва ҳувияти худро видоъ мегуфт.
Зане дар интиҳойи долон падид омад ва ба ў чашм ниҳод.
Пас садояш баланд шуд:
- А мардак! Биё, ки як кас омад.
Долон танг буд. Марде, ҷома бар тан, зуҳур кард. Зан ҷояшро ба мард вогузошт ва худ пушти ў қарор гирифт. - Ҳа, мардака!- хитоб кард ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё