Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аз ҳуҷуми ашк бар дарё гузар дорем мо,
Решаи нахли умед аз чашми тар дорем мо.
Баски бошад ҷинси моро гармии бозори ғам,
Гӯиё дукконе аз санги шарар дорем мо.
Раҳравони ишқро зоди дигар даркор нест,
Тӯшае дар роҳаш аз хуни ҷигар дорем мо.
Сози қонуни муҳаббатро набошад зеру бам,
Дар тариқи ишқ доим по зи cap дорем мо.
Дӯш дар базми адаб будем сармасти тараб,
К-аз хумори бода акнун дарди cap дорем мо.
Дидаи мо аз ғубори сурма домангир шуд,
Тӯтиё аз хоки пояш дар назар дорем мо.
Ғунчасон ҷамъийяти дилҳо зи дилбар доштем,
Дилбари мо рафт, аз дил кай хабар дорем мо?
Он қадар омодаи шаҳди маонӣ кардаем,
Банд дар банди сухан аз найшакар дорем мо.
Куфр бошад дар сулуки ишқ айби ошиқон,
Кай зи тири таънаи зоҳид ҳазар дорем мо?
Туғрал, осон кай бувад ғаввосии баҳри сухан?
Сар ба ҷайби фикр аз баҳри гуҳар дорем мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё