Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баски дар кӯҳи бало ҳамсанги Фарҳодем мо,
Шишаи ҷамъийяти хайли паризодем мо.

Қасри бунёди дили мо лойиқи таъмир нест,
Махзани ганҷему аз вайронӣ ободем мо.

Он қадар cap то ба по савти фироқаш хондаем,
Пой то cap ҳамчу тори соз фарёдем мо.

Оби теғашро агар ин аст чун оташ асар,
Оқибат ҳамчун ғубори хок бар бодем мо.

Сурма шуд то чашми моро гарди чини доманаш,
Дар татаббуъхонаи Чин нақши Беҳзодем мо.

Шона шуд маҳрам ба зулфи орази чун офтоб,
З-он сабаб чун соя зери нахли шамшодем мо.

Гар нахондастем з-ойини хирад ҳарфе, вале
Дар дабистони ҷунун сармашқи устодем мо.

Нест мазмуне зи қуллоби каманди мо бурун,
Дар паи сайди маъонӣ баски сайёдем мо.

Нахли ӯро дар чаман дидем ҳар сӯ ҷилвагар,
Ҳамчу қумрӣ пойбанди сарви озодем мо.

Кӯси навбат зан ба мо дар ишратободи ҷаҳон,
Дар арӯси бикри маънӣ баски домодем мо.

Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Ҳамчу анқо бениёзи арзэҷодем мо».

пешина
аз 312
навбатӣ