Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ҳушам кунад чун шона дар зулфаш шабехунро,
Ба як мӯ баста гардам сарнавишти бахти вожунро.
Ба ҷуз ваҳшат набошад ҳеч сармашқи хати ошиқ,
Сияҳ аз чашми оҳу кун саводи лавҳи Маҷнунро!
Нагардад ҷавҳаре ҳамсанги мизони сиришки ман,
Ки аз ёқут мебошад гаронӣ ашки гулгунро.
Зи бетобӣ надорад як қалам тоби димоғи хат,
Ба мӯ бояд навиштан аз миёнаш ҳарфи мазмунро.
Ба майдони шаҳодат гар шаҳиди ӯ наӣ, лекин
Ба хун рангин намо ҳамчун шафақ домони гардунро!
Сафо аз ишқ хоҳӣ, аз дуруштӣ сӯи нармӣ шав,
Тасарруф нест дар пероҳани фӯлод собунро.
Набошад дар маризи ишқ ғайр аз васл маъҷуне1,
Ки раҳ дар набзи ошиқ нест ангушти Фалотунро!
Камолат ҳар қадар гар беш бошад, бахт кам бошад,
Бувад қадри таназзул аз тараққӣ беди маҷнунро.
Баланду паст моро монеи ҷавлон намегардад,
Ки набвад имтиёзе пеши ошиқ кӯҳу ҳомунро.
Чу шабнам дар ҳавои меҳри ӯ савдои ҳиммат кун,
Ки дар бозори имкон нест қадре фитрати дунро.
Наӣ огаҳ ту аз сози баму зери фано ҳаргиз,
Ки нашнидӣ садои ташти «коф»-у косаи «нун»-ро2.
Хушо, Туғрал, аз ин як мисраи баҳри сухан Бедил:
«Ба чуну чанд натвон ҳукм кардан сунъи бечунро!»

1 Маъҷун – махлуте аз чанд дору.
2 Ишора ба ояе аз Қуръон, ки маънии хилқати замину осмонро мерасонад.

пешина
аз 312
навбатӣ