Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин аст агар соз баму зери ҷаҳонро,
Бепарда макун нағмаи мизроби замонро.
Бо хатти адаб соз ту аз сурма сиёҳӣ,
Дар ҳарфи хамӯшӣ чу қалам банд миёнро.
Гардад хати ҳайратасари шавқ футӯҳат1,
Чун ғунча агар муҳр кунӣ қуфли даҳонро.
Кай бахя кунад хок лаби домани нозаш,
Маҳтоб бувад маҳрам агар захми катонро.
Ҳасраткаши абрӯи ту шуд қомати пирӣ,
Ҷуз хонаи худ нест дигар хона камонро.
Ҳар кас набувад муштарии ҷинси муҳаббат,
К-ин нақд гаронӣ кунад аз суд зиёнро.
Фарши раҳи таслими адаб соз сари худ,
Чун махмал агар дорӣ ҳавас хоби гаронро.
Хайёти азал карда чу аз бахяи рангин
Шерозаи домони чаман оби равонро.
Осуда бувад софдил аз миннати сайқал,
Ҷуз ҷавҳари маънӣ набувад теғи забонро.
Махмури туро нест ба ҷуз дарди сари ту,
Дарди сари дигар набувад бодакашонро.
Пайдо нашуд аз шуълаи ашкам асари доғ,
Зоҳир накунад оташи ёқут духонро2.
Туғрал, чӣ хуш аст мисраи дарёи маонӣ:
«Ёрон, ба хати ҷом бибандед миёнро!»

1 Футӯҳ – фатҳ, кушоиш.
2 Духон – дуд.

пешина
аз 312
навбатӣ