Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тори қонуни муҳаббат он қадар бесоз нест,
Ҳеч оҳанге дар ин маҳфил беҳ аз овоз нест,
Лек ғайр аз хомушӣ кас маҳрами ин роз нест.
Дар тамошоят ҳамин мижгон таҳайюрсоз нест,
Ҳар буни мӯ чашми қурбонист ҳайрони туро.

Тойири ишқам чу шабнам ошён дар авҷ кард,
Дар ҳавои ишқи ту аз нестӣ сад фавҷ кард,
Чун алиф нарди хаёлат бохт, тарки завҷ кард,
Метавонад диққатам фарқи шикаст аз мавҷ кард,
Баски нашносам зи ранги хеш паймони туро.

Бо хаёли чашми мастат ҳар кӣ саҳбо мезанад,
Чун Сикандар пои худ бар фарқи Доро мезанад,
Бе ту минои тараб бар санги хоро мезанад,
Нашъаи умри Хизир ҷӯши дуболо мезанад,
Гар асо гирад баландиҳои мижгони туро!

Дар дабистони ҷунун шавқи туам будӣ адиб,
Набзи бемори туро ҳаргиз намедонад табиб,
Сурхрӯӣ аз азал шуд чун шафақ моро насиб,
Гулшан аз авроқи гул умрест пеши андалеб
Мекушояд дафтари хуни шаҳидони туро!

Гар бувад гул пеши булбул, боғ бишморад қафас,
Бе рухи Лайлӣ намояд гул ба Маҷнун хору хас,
Нест ҷуз печу хами зулфи ту моро додрас,
Дар гирифторӣ бувад осоиши ушшоқ бас,
Ошён аз ҳалқаи дом аст мурғони туро!

Шуҳра бо зулми ту ҳамчун адл бо Нӯширвон,
Кам накардӣ зулмро, бисёр кардем имтиҳон,
Эй хаёли чашми мастат соғари пиру ҷавон,
Ғайри ҷурми ишқ дар озори мо, озодагон,

пешина
аз 312
навбатӣ