Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қорӣ Масеҳои фазоилчаман,
Шуҳра ба Тамҳид ба мулки сухан,
Кӯшиши бисёр ҳамекард ӯ,
Буд ба чоки дили ман чун руфӯ.
Он ки дар ин фикр накӯсайр буд,
Нозири авроқ Абулхайр буд.
Сӯи Самарқанд зи мулки Бухор
Аз пайи тамҳид1 биёмад се бор.
Омадурафташ ба тариқи адаб,
К-ӯст зи хони асолатнасаб.
Кошифи асрори хафии ҷалӣ,
Соъии дигар шуда Раҳмонқулӣ.
Он ки бувад зодаи мавлои ман,
Нест чу ӯ ҳеч ба мулки сухан.
Дар фалаки назм, ки ӯ ахтар аст,
Дидаи бисёр чу ӯ камтар аст.
«Қоф» бувад бар сари исмаш алам,
Шуҳрати ӯ рафта ба офоқ ҳам.
В-он ки ба боғи сухан аст ҳамчу гул,
Маъдани одоб муло Тӯрақул.
Ҳоҷии хушхулқи накӯиттиҳод,
Бӯқаламунмашрабу риндинажод.
Баски аз ин банда тарассуд2 намуд,
Ӯ ҳам аз ин моида ҳаззе рабуд.
Заргари сарроф, ки дилхоҳ буд,
Дар раҳи ин бодия ҳамроҳ буд.
Ҳасратию Гулхании некрой,
Ҳар ду дар ин сафҳа гирифтанд ҷой.
Буд маро ёри муҳаббатқарин,
Номи накӯномии ӯ Нури дин.
Хоҷаи Аҳрории хотамнишон,
Мири заман, шуҳра ба Исломхон.

1 Тамҳид – таҳия, омадасозӣ.
2 Тарассуд – интизор доштан, муроқиб будан.

пешина
аз 312
навбатӣ