Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Фиғон зи гардиши чархи ситамгари ғаддор,
Ҳазор марҳала дурам фиканд аз дилдор!
Сипеҳри каҷрави пурфан маро ба пеш овард
Чӣ ҳолате, ки на ҳадди сукун, на сабру қарор!
Маро ба cap зи маи васли ӯ ғуруре буд,
Кунун ки дурам аз ӯ, ҷои мастӣ асту хумор.
Ба бӯстони латофат ниҳоли қомати ӯ
Ба мисли тӯбию шамшоду сарв хӯшақатор.
Даҳан ба вақти сухан буд ҳуққаи гавҳар,
Намуда лаъли вай аз муъҷизи Масеҳо op.
Ба ҳар куҷо, ки чу гул ёр хаймазан мешуд,
Ба гирди хирмани моҳаш будам чу булбули зор.
Ба маҳфиле, ки рухи ӯ чароғ меафрӯхт,
Маро набуд чу парвона қисмате ҷуз нор.
Дареғ аз он, ки маро давлате муяссар буд,
Муқими каъбаи кӯяш будам ба лайлу наҳор.
Ҳазор нолаву афғон зи чархи бӯқаламун,
Ки кард оқибати кори ман ба ҳаҷр дучор!
Ту, эй насими сабо, гар гузар кунӣ сӯяш,
Чунон ки дидӣ маро ҳол, cap ба cap пеш op!
Бигӯ, ки «эй бути номеҳрубони сангиндил,
Зи ҳоли ошиқи дилхаста гаҳ-гаҳе ёд ор!»
Ба шаръи ишқ набошад раво, ки аз ошиқ
Кунанд тарки вафову шаванд з-ӯ безор!
Ба сатри лавҳи дилаш ғайри абҷади ишқат
Наёфтам рақаме, саъй кардаам бисёр!
Забон ба васфи ту бикшодааст чун тӯтӣ,
Ба ҷуз ҳадиси ту дигар намекунад такрор.
Чу моҳи нав ба хами абруят суҷуд орад,
Зи ҷаъди сунбули ту баста дар миён зуннор.
Ниҳоли қомати ӯ аз ғамат дуто гашта,
Хазон шудаст гули умри ӯ ба фасли баҳор!
Гаҳе ба кӯҳи бало ҳаст ҳамдами Фарҳод,
Гаҳе зи ишқи ту Маҷнун ба кӯчаву бозор,
Ба кунҷи зовияи меҳнату алам дидам,
Ки нест ғайри хаёли ту дигаре ғамхор!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо