Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Яъсро аз даргаҳат уммед бод!
То бувад дар даҳр расми салтанат,
Аз ту кори салтанат таҷдид бод!
Бо қадат аз дасти хайёти қадар
Сад қабои салтанат тасдид бод!
ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ГУЛШАНӢ
Эй лаъли ту ба нахли вафо ғунчаи адаб,
Илму камолу фазл туро содиқуннасаб,
Дар Машриқи камолу адаб субҳи содиқӣ,
Бошад ба мункири ту сазои Абӯлаҳаб.
Бо рифъати каломи ту кас нест дастрас,
Дасти мухолифони ҷаҳон бод аз ӯ ду таб1.
Бадхоҳу душмани ту чу моҳӣ ба об бод,
Бодо тани ҳасуди ту дар нори ғам ҳатаб!
Бар рӯи ту ҳар он ки кунад рӯи худ гиреҳ,
Қисмат ба рӯи сахт бари ӯ бувад ҷазаб!2
Он кас, ки пайрави ту набошад, маро бувад
Чун уммати расул ба мазмуни «ман рағаб».
Фикрам ба васфи зоти ту кӯтоҳӣ оварид,
Кардам аз он Суроҳи камоли ту мунтахаб.
Худ гулшанӣ, ки меваи ту лафзи нозук аст,
З-он ёфтӣ ба халқи ҷаҳон Гулшанӣ лақаб.
Мифтоҳи фазлу назм калиди забони туст,
Ин бахшишест аз карами Ҳақ, на аз касаб.
Назми каломи форс ба номи ту хатм шуд,
Монанди хатми фусҳати Саҳбон, ки дар араб.
Устод Рӯдакӣ сухан аз парда мекашид,
Аз ту сухан валек кашида ба бар салаб3.
Фарқ аст байни назми туву шеъри Унсурӣ,
Гуфтори ӯст ёбису гуфтори ту ратаб.
1 Ду таб – ду бахш.
2 Ҷазаб – ҷаззоб.
3 Салаб – наве аз либос, ҷавшан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо