Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷа Камол аст агар муддаӣ,
Даъвии ӯ дур аз ин муддаъост.
Ӯ кию бо Саъдӣ муқобил шудан?!
Бин, ки тафовут зи куҷо то куҷост?!
Нағмасаро Булҳасани Рӯдакӣ,
Гунбади чарх аз суханаш пурсадост.
Мушфиқӣ дар давлати Абдуллаҳӣ,
Сиккаи нақди суханаш норавост1.
Гуфти Заҳирӣ бувад андак, вале
Дар ками ӯ маънии бисёрҳост.
Он чи сухан ҳаст зи Хоҷу нишон,
Бар варақи даҳр вале як-дутост.
Муддаии назм, ки Амъақ бувад,
Тарзи тахаллус ба каломаш гувост.
Мондаст аз Ваҳшӣ ду-се маснавӣ,
Сайди сухан улфати ваҳшӣ куҷост?!
Гарчи на дилҷӯст каломаш, вале
Воизи Қазвинӣ насиҳатсарост.
Шоҳӣ бурун гаштаст аз Сабзавор,
Боғи каломаш барӣ аз сабзаҳост.
Соиби девона суханҳои пуч
Ҷамъ намудаст, ки девони мост.
Ҳайф зи Қоонии ширинсухан,
Дар чамани назм аз ӯ рангҳост.
Гарчи на ӯ суннию ман шииям,
Лек сухан ории ҳар моҷарост.
Аз паси Бедил ба сухан ҳамчу ӯ
Мазҳари асрори маонӣ куҷост?!
Нест ҳасад шеваи аҳли ҳунар,
Аз сари инсоф гузаштан хатост.
Доди сухан доду гузашт аз ҷаҳон,
Гуфтаи ӯ ҳикмати ҳар кимиёст.
Носири дин, Хусрави Эронзамин,
Дод, ҳар он чиз дили ӯ бихост.

1 Нораво – ношоиста; пули қалбакӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ