Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Кӯҳ бувад гарчи ба Туғрал ватан,
Дар ҷабали назм шигарф1 аждаҳост.
Кист чу ман фориси майдони назм,
Гӯйи сухан бо киву чавгон кирост?!
Нест маро фикри фарозу нишеб,
Кӯҳу биёбон ҳама яксон марост!
Хоҳам агар мисрае андар қалам,
Чанд ғазал қофия ҷавлоннамост.
Ҳар кӣ кунад даъвии ҳамсангиям,
Паллаи мизони2 вай андар ҳавост.
Модари айём назояд чу ман,
Ҳайф, ки луълуи сухан камбаҳост.
Хондаму дидам сухани шоирон,
Он чӣ ки гуфтанду навиштанд рост.
Бод ба дарёи сухан офарин,
Бедили доно, ки аз ӯ нуктаҳост!
Хотаму пайғамбари аҳли сухан,
Муъҷизаи ӯ ҳама таблиғҳост.
Оҳ, ки Фирдавсию Ватвот ку,
Ҳазрати Саъдию Низомӣ куҷост?!
Анварию Ҳофизи туғро чӣ шуд,
Ҳоҷа Камоле, ки суханозмост?!
Носири Хусрав, ки нарӯяд чу ӯ,
Дар фани ҳикмат ҳамаро раҳнамост.
Мавлавии Рум надонад арӯз,
Лек надими ҳарами кибриёст.
Ҳаст сухан гарчи зи Қатрон басе,
Абри ҳикамро суханаш қатраҳост.
Назми Арӯзӣ, ки ба айни сухан
Дар рамади3 қофия чун тӯтиёст.
Гар набувад Ҷомӣ қасоидсаро,
Лек чу ӯ маснавигӯе куҷост?!
1 Шигарф – аҷиб, зебо, турфа; камёб ва беназир.
2 Мизон –тарозу.
3 Рамад – дарди чашм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё